Аллоҳ ба ҳамаи шумоён барака бидиҳад. Ин сомона сомонаи олиҷаноб аст. Мехостам бипурсам, ки оё ҷашн гирифтани Наврӯз ҳаром аст ё на? Зеро ман ҳамчун форс онро ҷашн мегирам. Мо ҳамчунин дар Наврӯз дастархоне ороста мекунем ва бар рӯи он дастархон Қуръон мегузорем… Оё ҷашни Наврӯз ҳаром аст ё на?
Ҳукми ҷанш гирифтани иди Наврӯз
Савол: 101404
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Найрӯз: Калимаи форсии арабишуда аст, ки асли он дар забони форсӣ "Наврӯз" буда, маънояш рӯзи нав мебошад.
Наврӯз яке аз идҳои форсҳо аст. Наврӯз яке аз бузургтарин идҳои форсҳо ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, ки аввалин касе, ки ин ҷашнро баргузор кард, Ҷамшед аст ва ӯ яке аз шоҳони бостонии форс буд. Номи ӯро "Ҷамшод" ҳам мегӯянд.
Наврӯз аввалин рӯзи соли форсӣ аст ва панҷ рӯз баъди он идома меёбад.
Қибтиҳои Миср ҳам Наврӯзро ҷашн мегиранд ва он нахустин рӯзи соли онҳо ба ҳисоб меравад ва он бо номи иди "Шамму-н-насим" маъруф аст.
Заҳабӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар саҳифаи 46-уми китоби "Ташаббуҳу-л-хасиси биаҳли-л-хамис" гуфтааст: "Аммо оиди Наврӯз бошад, мардуми Миср дар анҷом додани ин ид муболиға мекунанд ва онро ҷашн мегиранд, ки он нахустин рӯзи соли Қибтиҳо мебошад ва онҳо дар ин рӯз ид мекунанд, мусулмонон худро ба онон монанд месозанд". Поёни нақл аз "Маҷаллату-л-ҷомиъати-л-исломия" шумораи 103-104.
Дуввум:
Мусулмонон ғайр аз иди Фитру Азҳо дигар иде надоранд, ки онро ҷашн бигиранд ва ҳар иде ҷуз ин ду, идҳои нав эҷодшуда буда, ҷашн гирифтани он ҷоиз нест.
Абудовуд (1134) ва Насоӣ (1556) аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина омад, дар ҳоле ки мардум ду рӯзе доштанд, ки дар он бозӣ мекарданд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Ин ду рӯз чист? Гуфтанд: Дар замони ҷоҳилият, дар ин рӯзҳо бозӣ мекардем. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Аллоҳ ин ду рӯзи шуморо бо ду рӯзи беҳтар аз он иваз кард: Рӯзи иди Азҳо (Қурбон) ва рӯзи иди Фитр». Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (2021) саҳеҳ донистааст.
Иди Наврӯз, иди Модарон, иди рӯзи таваллуд, иди Истиқлолият ва монанди инҳо аз идҳои нав эҷодшуда ба шумор мераванд. Агар иде дар асл аз идҳои кофирон бошад, ба монанди Наврӯз, ин амр шадидтару бузургтар аст.
Иди Наврӯз як иди ҷоҳилӣ аст, ки онро форсҳо пеш аз Ислом ҷашн мегирифтанд ва насрониён ҳам онро ҷашн мегиранд. Мамнӯияти ҷашни он, ба хотири монандӣ ба кофирон таъкиди бештар дорад.
Заҳабӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Аттамассуку би-с-сунани ва-т-таҳзиру мина-л-бидаъ" гуфтааст:
"Аммо монандӣ ба зиммиён дар иди рӯзи таваллуд, Панҷшанбе ва Наврӯз аз ҷумлаи бидъатҳои дур (яъне дур аз Ислом) мебошад.
Агар мусулмон инро ба хотири дин анҷом бидиҳад, нодон аст, бояд ӯро (аз ин амал) манъ кард ва ба ӯ таълим дод. Ва агар инро аз рӯи муҳаббату дӯстӣ (бо зиммиён) ва ба хотири хурсандӣ ба идҳои онон анҷом бидиҳад, ин ҳам мазамматшуда аст. Аммо агар онро аз рӯи одат, бозӣ, хушнудии хонавода ва навозиши кӯдакони худ анҷом бидиҳад, ин маҳалли назар аст. Амалҳо танҳо ба ниятҳо вобастагӣ доранд. Нодон маъзур ҳисобида мешавад ва бояд бо нармӣ ба ӯ баён карда шавад. Аллоҳ донотар аст. Поёни нақл аз "Маҷаллату-л-ҷомиъати-л-исломия" шумораи 103-104.
Панҷшанбе: Яке аз идҳои насрониён аст, ки онро "Панҷшанбеи бузург" меноманд.
Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" (12/7) омадааст: Монандӣ ба кофирон дар идҳояшон: Монандӣ ба кофирон дар идҳояшон ҷоиз нест, зеро дар ҳадис омадааст: «Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост». Маънои он дур сохтани мусулмонон аз мувофақат бо кофирон дар тамоми чизҳое, ки махсуси онҳо мебошад…
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки гуфт: "Ҳар ки аз кишвари аҷам гузаре кунад ва Наврӯзу Меҳргони онҳоро ҷашн бигирад ва ба онҳо тақлид кунад ва дар ин ҳолат бимирад, дар рӯзи қиёмат бо ҳамроҳии онҳо зинда карда мешавад". Азбаски идҳо аз ҷумлаи шариат, манҳаҷҳо ва маносик аст, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:
لِكُلِّ أُمَّةٍ جَعَلْنَا مَنسَكًا هُمْ نَاسِكُوهُ (سورة الحج: ٦٧).
«Барои ҳар уммате маносике муқаррар кардаем, ки ба он амал кунанд». (Сураи Ҳаҷ: 67).
Маносике ба монанди қибла, намоз ва рӯза. Аз ин рӯ, байни ширкат варзидан дар ид ва ширкат варзидан дар дигар маросимҳои динии онҳо ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад, зеро мувофақат намудан дар ҳамаи ид, ин мувофақат намудан дар куфр аст ва дар мувофақат намудан дар бархе аз ҷанбаҳои он, ин мувофақат намудан дар баъзе шохаҳои куфр аст. Балки идҳо хостарин чизест, ки шариатҳо бо воситаи он аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва аз барҷастатарин шаоир аст. Аз ин рӯ, мувофақат намудан дар он, ин мувофақат намудан дар хостарин умури шариатҳои куфр ва барҷастатарин шаоири он аст.
Қозихон гуфтааст: Марде дар рӯзи Наврӯз чизе бихарад, ки дар дигар рӯзҳо онро намехарид: Агар мақсадаш бузургдошти он рӯз бошад, чуноне ки онро кофирон бузург медонанд, ин амал куфр аст. Аммо агар онро ба хотири исрофкорию таносоӣ анҷом бидиҳад ва мақсадаш бузургдошти он рӯз набошад, ин амал куфр нест. Агар дар рӯзи Наврӯз ба инсоне тӯҳфае бидиҳад ва мақсадаш бузургдошти он рӯз набошад, балки онро бар асоси одати мардум анҷом бидиҳад, ин амал куфр нест. Набояд дар ин рӯз амалеро анҷом бидиҳад, ки онро пеш аз он ва ё баъди он иҷро намекунад ва аз монандӣ ба кофирон худдорӣ намояд.
Ибни Қосим (яке аз донишмандони мазҳаби моликӣ) барои мусулмон макруҳ донистааст, ки ба насронӣ дар идаш тӯҳфа бидиҳад ва инро аз бузургдошти иди ӯ ва кӯмак барои ӯ бар куфраш донистааст.
Чуноне ки монандӣ ба кофирон дар идҳояшон ҷоиз нест, инчунин ба мусулмоне ки худро ба онон монанд месозад, набояд дар ин чиз кӯмак кард, балки ӯро аз ин чиз манъ намуд. Касе дар рӯзҳои идҳои кофирон ба меҳмонӣ даъват намояд, ки одатан ин корро дар дигар рӯзҳо намекард, даъваташ пазируфта намешавад. Агар яке аз мусулмонон дар ин идҳо тӯҳфае бидиҳад, ки одатан дар дигар вақтҳо ба касе тӯҳфа намекард, тӯҳфааш қабул карда намешавад, хусусан агар он тӯҳфа аз ҷумлаи чизҳое бошад, ки ба монанд шудан ба онон кӯмак кунад, мисли шамъ ва монанди он дар иди Мавлуди Исо.
Бояд касе ки дар идҳои кофирон худро ба онон монанд месозад, муҷозот карда шавад.
Шайх Ибни Ҷибрин (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) гуфтааст:
"Ҷашн гирифтани идҳои бидъатӣ, ба монанди Мавлуди Исо – иди насрониён, иди Наврӯз, иди Меҳргон ва ҳамчунин идҳое, ки аз ҷониби мусулмонон эҷод карда шудааст, аз қабили Мавлуд дар моҳи Рабиъу-л-аввал, иди Исро дар моҳи Раҷаб ва монанди он ҷоиз нест. Хӯрдан аз он хӯроке, ки насрониён ва ё мушрикон дар идашон омода кардаанд, ҷоиз нест. Ҳамчунин пазируфтани даъвати онҳо ҳангоми таҷлили он идҳо ҷоиз нест, зеро пазируфтани даъвати онҳо ин ташвиқ намудани онҳо ва эътирофи бидъати онҳост, ки ин ба фирефта шудани ҷоҳилон сабаб мешавад ва гумон мекунанд, ки ин корашон ҳеҷ боке надорад. Аллоҳ донотар аст". Поёни сухан аз китоби "Аллуълуъу-л-макину мин фатово Ибни Ҷибрин" саҳ: 27.
Хулоса: Ҷашн гирифтани иди Наврӯз барои мусулмонон ва ё махсус дар ин рӯз ид кардан, хӯрок омода кардан ва тӯҳфа додан ҷоиз нест.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб