Ҳукми касе, ки ба рӯи шахсе сухан мегӯяд ва айби ӯро мегӯяд, дар ҳоле ки он шахс (айбҳои худро аз забони ӯ бо гӯши худ) шунавад, чист? Оё ин кор ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар ин кор бо нияти насиҳат ва инкор кардани он анҷом дода шавад, ҷоиз аст, то ӯ аз гуноҳу маъсият худдорӣ намояд. Бояд равиши некӯ истифода бурд, то насиҳат пазируфта шавад. Аммо агар он бо нияти сарзаниш, айбҷӯӣ, бадкорӣ ва ё бадном кардани ӯ ва амсоли он сурат гирад, ҷоиз нест.