0 / 0

Ӯ мехоҳад, ки писару духтарашро Арафа ва Мино номгузорӣ кунад.

Савол: 10345

Ҳамсарам дар рӯзҳои наздик навзодеро таваллуд мекунад. Оё метавонед ба мо номи сомонаеро, ки дар он номҳои исломии хуб вуҷуд дошта бошад, пешниҳод кунед. Фикри шумо оиди номи Мино (яке аз макоҳои ибодат дар ҳаҷ) барои духтар чист? Фикри шумо оиди номи Намира (номи масҷиди Арафа) барои писар чист?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Бакр Абузайд китоби хубе бо номи “Тасмияту-л-мавлуд” дорад, ки дар он китоб масоили муҳимми алоқаманд ба ин мавзӯъ ва инчунин номҳои (хуберо) зикр намудааст. Мо ба ту насиҳат мекунем, ки номҳои маҳбубтарин дар шариъат ба монанди Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ва дигар номҳои мардону занони саҳоба ва номҳои машҳур дар назди Арабро интихоб намо. Ингуна номҳо хеле зиёданд ва ба эҷоди номҳои нав ниёзе нест, ки гоҳо инсонро ба баъзе аз умури мамнӯъ ворид менамояд, бидуни ин ки мутаваҷҷеҳи он шавад.

Шайх Саъд Ал-Ҳумайд.

Дар ҳақиқат аҷоиб аст, ки инсон номҳои маконҳои ибодат ва машоири ҳаҷро интихоб намуда, фарзандонашро бо он номҳо номгузорӣ мекунад. Агар мо пешниҳодеро, ки дар савол матраҳ кардӣ, бипазирем, мегуфтем, ки духтаронатонро Макка, Муздалифа, Арафа номгузорӣ кунед!

Эй бародарам! Инро тарк кун ва номҳои шаръии машҳуреро интихоб намо, ки саҳобагон ва гузаштагон ва донишмандон фарзандони худро бо он номгузорӣ кардаанд. Аллоҳ ба мову шумо фарзандони покиза ато намояд, Ӯ шунавадаи дуъо аст.

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android