Оё шумо метавонед шумораи ракъатҳои суннатҳои ротибаро ба мо бигӯед? Ва он суннатҳо кай хонда мешаванд?
Суннатҳои ротиба (суннатҳои муаккада)
Савол: 1048
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Суннатҳои ротиба дар ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст, ки дар мавриди он мефармояд: «Ҳар кас бар хондани дувоздаҳ ракъат суннат мувозибату пойбандӣ кунад, Аллоҳ таъоло барои ӯ хонае дар биҳишт бино мекунад. Чаҳор ракъат пеш аз пешин ва ду ракъат баъд аз он ва ду ракъат баъд аз шом ва ду ракъат баъд аз хуфтан ва ду ракъат пеш aз бомдод». Тирмизӣ (379) ва дигарон ин ҳадисро ривоят кардаанд ва ин ҳадис дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" зери шумораи (6183) зикр шудааст.
Аз Анбаса ибни Абусуфён аз Умми Ҳабиба ривоят шудааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас дар ҳар шабонарӯз дувоздаҳ ракъат намоз гузорад, барояш дар ҷаннат хонае бино карда мешавад. Чаҳор ракъат пеш аз пешин ва ду ракъат баъд аз он ва ду ракъат баъд аз шом ва ду ракъат баъд аз хуфтан ва ду ракъат пеш aз бомдод». Тирмизӣ ин ҳадисро дар зери шумораи (380) ривоят карда, гуфтааст: Ҳадиси Анбаса аз Умми Ҳабиба дар ин боб ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст. Ин ҳадис дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (6362) низ ворид шудааст.
Намози аср суннати ротиба надорад. Аммо чаҳор ракъат намоз хондан пеш аз фарзи аср мустаҳаб аст, вале мақому мартабаи он аз ҷиҳати аҷру савоб ва мувозибату пойбандӣ аз суннатҳои ротиба поёнтар аст. Ин чаҳор ракъат дар ҳадиси зерини паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зикр шудааст: «Аллоҳ раҳм кунад мардеро, ки пеш аз намози аср чаҳор ракъат намоз гузорад». Тирмизӣ ин ҳадисро дар зери шумораи (395) ривоят карда, гуфтааст: Ин ҳадиси ғарибу ҳасан аст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" дар зери шумораи (3493) ҳасан донистааст.
Тамоми нофилаҳои чаҳорракъатаи дар боло зикр гардида, дар назди Имом Шофеӣ ва Аҳмад ду ракъатӣ хонда мешавад. (Аммо дар назди Имом Абуҳанифа ва ёронаш Абуюсуфу Муҳаммад, чаҳор ракъат пурра хонда мешавад).
Аллоҳ таъоло донотар аст.
Сарчашма:
Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид