Марде қазои Рамазон дорад. Оё ҷоиз аст, ки қазои он рӯзаҳоро дар рӯзҳои гуногун адо намояд?
Адо намудани қазои (рӯзаи рӯзҳои) Рамазон дар рӯзҳои гуногун ҳеҷ боке надорад
Савол: 106477
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Бале, барои ӯ ҷоиз аст, ки қазоҳояшро дар рӯзҳои гуногун адо намояд, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
ومَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
سورة البقرة: ١٨٥
«Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Аллоҳ таъоло (дар ин оят) барои қазои рӯза пайдарпай буданро шарт накардааст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз … Шайх Абдурраззоқ Афифӣ … Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён … Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто" (10/346).
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб