Ин зикрҳоро яке аз дӯстдорони умра ҷамъоварӣ намудааст. Ӯ мехост онро байни умракунандагон тақсим кунад, аммо таваққуф кард, то ба шумо руҷӯъ карда, саҳеҳу заифи онро бифаҳмад. Бархе аз он зикрҳо азкорест, ки умрагузор ба он ниёз дорад, ба монанди он чизе ки дар ҳангоми тавоф гуфта мешавад. Даври аввалро бо ҳамду сано ба Аллоҳ таъоло оғоз карда, сипас ба паёмбари Ӯ салавот мефиристад ва баъд аз он, дуо мекунад ва дуоҳои диниро аз дуоҳо дунявӣ пеш гузошта, бо ҳузури қалб дуо менамояд.
Дар ҳангоми тавоф чӣ мегӯем?
Савол: 109246
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) – то он ҷое, ки медонем – ягон дуо ё зикре ворид нашудааст, ки дар тавоф хонда шавад, ба ҷуз дуое байни Рукну-л-ямонӣ ва Ҳаҷару-л-асвад:
رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
«Раббано отино фи-д-дунё хасаната-в-ва фи-л-охирати хасаната-в-ва қино ъазоба-н-нор».
(Парвардигоро! Дар дунё ба мо некӣ ато фармо ва дар охират низ некӣ бидеҳ ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор).
Аҳмад инро дар китоби "Муснад" (3/411) ривоят кардааст. Ибни Ҳиббон (9/134) ва Ҳоким (1/625) ривояти мазкурро саҳеҳ донистаанд.
Ва такбир (Аллоҳу акбар) ҳар гоҳ бо Ҳаҷару-л-асвад рӯбарӯ шавад. Ривояти Бухорӣ (4987).
Аммо дар маконҳои дигари тавоф, тавофкунанда байни зикр, дуо ва қироати Қуръон ихтиёр дорад. (Агар бихоҳад, зикр ё дуо мекунад ва агар бихоҳад, Қуръонро тиловат менамояд).
Ибни Қудома дар китоби "Ал-Муғнӣ" (3/187) гуфтааст:
"Дуо ва зиёд зикр кардани Аллоҳ таъоло дар тавоф мустаҳаб аст, зеро он (дуо ва зикр) дар ҳама ҳолатҳо мустаҳаб буда, ҳангоми иҷрои ин ибодат (яъне тавоф) авлотар мегардад. Мустаҳаб аст, ки суханро тарк кунад, ба ҷуз зикри Аллоҳ таъоло, қироъати Қуръон, амр ба маъруф, наҳй аз мункар ва ё сухани зарурӣ". Поёни сухан.
Шайху-л-ислом Ибни Таймия дар китоби "Маҷмуъу-л-фатово" (26/122) гуфтааст:
"Дар он – яъне дар тавоф – ягон зикри муайяне аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) на бо фармонаш, на бо суханаш ва на бо таълимоташ ворид нашудааст, балки инсон метавонад бо ҳама намуд дуоҳое, ки дар шариат ворид шудааст, дуо намояд. Он дуое, ки мардум зикр мекунанд, ба монанди дуои махсус зери новадони Каъба ва ғайра ҳеҷ асосе надорад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) тавофи худро дар байни ду рукн бо дуои зерин ба итмом мерасонид:
رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
«Раббано отино фи-д-дунё хасаната-в-ва фи-л-охирати хасаната-в-ва қино ъазоба-н-нор».
(Парвардигоро! Дар дунё ба мо некӣ ато фармо ва дар охират низ некӣ бидеҳ ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор).
Ҳамчуноне, ки дигар дуоҳояшро низ бо ҳамин дуо хотима медод. Бо иттифоқи донишмандон дар ин маврид ягон дуои воҷибе вуҷуд надорад". Поёни сухан.
Шайх Ибни Усаймин (раҳматиАллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
"Аз Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ ҳар гоҳ ба рӯбарӯи Ҳаҷару-л-асвад расад, такбир мегуфт. Ва дар байни Рукну-л-ямонӣ ва Ҳаҷар-у-л-асвад дуои зеринро мехонд:
رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
(سورة البقرة: ٢٠١).
«Раббано отино фи-д-дунё хасаната-в-ва фи-л-охирати хасаната-в-ва қино ъазоба-н-нор».
(Парвардигоро! Дар дунё ба мо некӣ ато фармо ва дар охират низ некӣ бидеҳ ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор). (Сураи Бақара: 201).
Ягон дуои махсусе дар ҳар як даври тавоф аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашудааст.
Аз ин рӯ, тавофкунанда ҳар чизе аз хубиҳои дунёву охиратро, ки дӯст бидорад, аз Аллоҳ мепурсад ва Аллоҳ таъолоро ба ҳама намуди зикрҳои машрӯъ, ба монанди тасбеҳ, таҳмид, таҳлил, такбир ва ё қироати Қуръон ёд мекунад". Поёни сухан бо ихтисор.
"Маҷмуъу-л-фатово" (24/327).
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб