загрузка
0 / 0

Оё ҳоҷиён бояд қабри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), Бақеъ, Уҳуд ва масҷиди Қуборо зиёрат кунанд?

Савол: 109332

Оё зиёрати қабри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), Бақеъ, Уҳуд ва масҷиди Қубо барои мардону занони ҳоҷӣ воҷиб аст ё ин танҳо барои мардон воҷиб аст?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Зиёрати қабри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва қабристони Бақеъ бар ҳоҷиён – хоҳ мард бошанд ё зан – воҷиб нест, балки сафар кардан бо нияти зиёрати қабрҳо мутлақан ҳаром аст. Зиёрати қабрҳо барои занон ҳаром аст, агарчи ба ин ният сафар ҳам накунанд. Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Қофилаи сафар баста намешавад, магар ба се масҷид: Масҷиду-л-ҳаром, масҷиди ман ва масҷиди Ақсо».   Муттафақун алайҳ. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Чунки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) занонеро, ки қабрҳоро зиёрат мекунанд, лаънат намудааст. Барои занон кифоя аст, ки дар масҷиди Набавӣ намоз гузоранд ва дар масҷид ва дигар ҷойҳо бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зиёд дуруду салавот бифиристанд. 

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз, Шайх Абдурраззоқ Афифӣ, Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.
"Фатово-л-лаҷнати-д-доима" (11/362).

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android