Хонаеро, ки ману оилаам зиндагӣ мекунем, падарам бо фоидаҳои саҳмияҳои бонк ва ширкати суғурта харидааст. (Яъне манбаи мол ҳаром аст). Оё бароям ҷоиз аст, ки дар он хона бимонам ва дар он ҷо зиндагӣ бикунам? Агар ҷавоб “не” бошад, пас бароям ҷоиз аст, ки ба хотири зиндагӣ карданам дар он хона ба онҳо иҷорапулӣ бидиҳам?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Агар шумо аз ин манзил даст кашида тавонед, ин беҳтар аст. Дар акси ҳол, баҳрабардорӣ аз он мушкиле надорад ва ба пардохти иҷора ва мисли он ниёзе нест. Шумо бояд ба падари худ насиҳат кунед, ки аз ин амали мункар даст кашад ва аз ин касбҳои палид дурӣ ҷӯяд.