загрузка
0 / 0

Исрофкорӣ дар хӯрдану нӯшидан дар моҳи Рамазон

Савол: 11153

Назари шумо оиди касоне, ки дар моҳи Рамазон намудҳои хӯроку шириниҳоро зиёд истифода мебаранд, чӣ гуна аст?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Исрофкорӣ дар ҳама чиз мазмуму мамнӯъ аст, бахусус дар хӯроку нӯшокӣ.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ    (سورة الأعراف: ٣١).

«Ва бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, бегумон Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад».   (Сураи Аъроф: 31).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Фарзанди Одам ҳеҷ зарферо пур накардааст, бадтар аз шиками худ. Барои фарзанди Одам чанд луқма, ки қомати ӯро устувор нигаҳ дорад кофист. Агар дигар чорае надошта бошад (ва нафсаш ғалаба кунад), пас бояд сеяки меъдаашро барои хӯрок ва сеякеро барои нӯшидан ва сеяки дигареро барои нафас кашидан қарор бидиҳад».   Тирмизӣ (2380) ва Ибни Моҷа (3349) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (1939) саҳеҳ донистааст.

Исрофкорӣ дар хӯроку нӯшокӣ мафсадаҳои зиёд дорад:

● Инсон ҳар қадар аз хушиҳои дунё баҳраманд шавад, насиби ӯ дар охират камтар мешавад.

Ҳоким аз Абуҷуҳайфа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мегӯяд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Сертарини мардум дар дунё гуруснатарини онон дар охиратанд». 

Ибни Абу-д-дунё ин ҳадисро ривоят намуда, афзудааст: «Абуҷуҳайфа то фироқи дунё бо шикамсерӣ хӯрок нахӯрд».

Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (342) саҳеҳ донистааст.

Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ман агар бихоҳам, дар байни шумо нармтарин либосро мепӯшам, беҳтарин таомро мехӯрам ва хуштарин ҳаётеро ба сар мебарам, вале ман шунидаам, ки Аллоҳ таъоло қавмеро ба сабаби баъзе корашон сарзаниш карда, фармудааст:

أَذْهَبْتُمْ طَيِّبَاتِكُمْ فِي حَيَاتِكُمُ الدُّنْيَا وَاسْتَمْتَعْتُمْ بِهَا فَالْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ الْهُونِ بِمَا كُنْتُمْ تَسْتَكْبِرُونَ فِي الأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَبِمَا كُنْتُمْ تَفْسُقُونَ

 (سورة الأحقاف: ٢٠).

«Неъматҳои покизаи худро дар зиндагии дунё аз байн бурдед ва аз онҳо баҳраманд шудед, пас, имрӯз ба хотири бартариҷӯии ноҳақ ва инҳирофе, ки дар замин доштед, бо азобе дарднок муҷозот мешавед».   (Сураи Аҳқоф: 20).

"Ҳиляту-л-авлиё" (1/49).

● Ин чиз инсонро аз ибодатҳои зиёде машғул месозад, аз қабили қироати Қуръон, ки бояд мусулмон дар ин моҳи муборак ба ин чиз машғул шавад, ҳамон тавре ки ин одати гузаштагон буд.

Занонро мебинӣ, ки қисми зиёди рӯзро дар омода кардани хӯрок ва қисми зиёди шабро дар омода кардани шириниҳову нӯшокиҳо мегузаронанд.

● Агар инсон зиёд бихӯрад, танбал мешавад ва бисёр мехобад, бинобар ин, вақти зиёди худро зоеъ мекунад.

Суфёни Саврӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Агар бихоҳӣ, ки тансиҳату камхоб шавӣ, кам бихӯр.

● Зиёд хӯрдан қалбро ғофил месозад.

Ба Имом Аҳмад (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта шуд: Оё инсон дар ҳангоми серӣ дар қалби худ нармиро меёбад? Гуфт: Фикр намекунам. Яъне: Ман чунин фикр намекунам.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android