0 / 0
20/Шабан/1446 , 19/Феврал/2025

Касе, ки ба мушкилии нигоҳ кардан ба занон гирифтор шуда бошад, чӣ бояд кунад?

Савол: 111796

Ман аз одати нигаристан ба занони ороста зиёд азоб мекашам. Аксари вақтҳо ман наметавонам ба нафси худ ғолиб омада, чашмамро ба дигар тараф кунам. Лутфан ба ман насиҳат бикунед, ман чӣ кор бикунам?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳар касе, ки аз захми заҳролуд ранҷ мекашад, бояд бо ҳар роҳе заҳрро аз байн барад ва захмро бо тарёқ (позаҳр, доруи зидди заҳр) ва марҳам табобат бикунад. Метавон онро бо умури зерин муолиҷа кард:

Аввал: Издивоҷ намояд.
Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Ҳар гоҳ яке аз шумо ба зебоиҳои зане нигоҳ бикунад, ба назди ҳамсараш биравад (ва бо ӯ ҳамбистарӣ намояд), зеро он чи он зан дорад, ҳамсараш ҳам аз он бархурдор аст».
Ин чиз шаҳватро кам мекунад ва ишқро заиф менамояд.

Дуввум: Намозҳои панҷгонаро бардавом бихонад, саҳаргоҳон дуову тазарруъ намояд, намозаш бояд бо ҳузури қалб ва хушӯъ анҷом биёбад ва дуоҳои зеринро зиёд бихонад:

يَا مُقَلِّبَ الْقُلُوبِ، ثَبِّتْ قَلْبِي عَلَى دِينِكَ

"Ё муқаллиба-л-қулуб, саббит қалбӣ ъало диник".
(Эй дигаргункунандаи қалбҳо, қалбамро бар дини худ устувор бигардон).

يَا مُصَرِّفَ القُلُوبِ صَرِّفْ قَلْبِي إلَى طَاعَتِكَ وطَاعَة رسولكَ

"Ё мусаррифа-л-қулуб, сарриф қалбӣ ило тоъатика ва тоъати расулик".
(Эй дигаргункунандаи қалбҳо, қалбамро бар тоати худ ва тоати расулат пойдор бидор).
Агар бардавом ба дуову тазарруъ машғул шавад, Аллоҳ таъоло қалби ӯро аз он (яъне аз нигоҳи занони номаҳрам) дур мекунад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

كَذَلِكَ لِنَصْرِفَ عَنْهُ السُّوءَ وَالْفَحْشَاءَ إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُخْلَصِينَ

سورة يوسف: ٢٤

«Чунин кардем, то бадӣ ва зишткориро аз ӯ дур созем. Бегумон ӯ аз бандагони мухлиси Мо буд».   (Сураи Юсуф: 24).

Поёни сухан аз китоби "Ал-Фатово-л-кубро"-и Шайхулислом Ибни Таймия раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод, (3/77).

Саввум: Аз ҷойҳое, ки занони ороста ҳузур доранд, дурӣ ҷӯяд ва аз тамошои шабакаҳои телевизионӣ ва дигар таҷҳизот (аз қабили телефон, компютер ва ғайра), ки тасвирҳоеро намоиш медиҳанд, ки ба дил таъсири манфӣ расонида, онро заиф месозанд, парҳез бикунад.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android