0 / 0

Ҳукми кор кардан дар казино (қиморхона)

Савол: 113842

Дар казино кор кардан чӣ хукм дорад? Ман маҷбур ҳастам, ки дар он ҷо кор кунам, вале аз ин кор розӣ нестам. Иншоаллоҳ, ин корро ба зудӣ тарк мекунам. Дар сурати тарки ин кор, ҳукми пуле, ки аз ин кор ба даст овардаам, чист? Агар барои тиҷорат ва ё кори дигар, ба ин пуле, ки ба даст овардаам, ниёз дошта бошам, чӣ мешавад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қимор гуноҳи бузургест, ки Аллоҳ таъоло онро дар китоби худ ҳаром кардааст ва ҳаром будани онро дар баробари ҳаром будани хамр зикр намудааст.

Аллоҳ таъоло мефармояд: 

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللهِ وَعَنْ الصَّلاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنتَهُونَ

سورة المائدة: ٩٠٩١

«Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ) палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед. Шайтон мехоҳад ба василаи шаробу қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?».   (Сураи Моида: 90 – 91).

Вақте ки Аллоҳ таъоло чизеро ҳаром кунад, ҳамкорӣ бо онро низ бо ҳар роҳе, ки набошад, ҳаром мекунад.
Бинобар ин, кор кардан дар казино ҷоиз нест, зеро он кӯмак ба гуноҳ аст.

Аллоҳ таъоло мефармояд: 

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ

سورة المائدة: ٢

«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст».   (Сураи Моида: 2).

Пуле, ки инсон бо воситаи кор дар қиморхона ба даст овардааст, пули ҳаром аст. Баҳра бурдан аз он ва сарф намудани он барои худ ҷоиз нест. Бар ӯ воҷиб аст, ки ин пулро дар роҳҳои хайр сарф намуда, аз он раҳоӣ ёбад.

Шумо бояд василаҳои ҳалолро барои дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ҷустуҷӯ кунед. Агар шумо ин мункар (яъне кори ҳаром)-ро ба хотири Аллоҳ тарк кунед, Аллоҳ дар ивази он, кори беҳтар аз онро ба шумо мерасонад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَمَنْ يَتَّقِ اللهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ

سورة الطلاق: ٢٣

«Ва ҳар кас аз Аллоҳ битарсад, (Аллоҳ) роҳи раҳоӣ (аз мушкилотро) барояш фароҳам месозад. Ва ба ӯ аз ҷое, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад».   (Сураи Талоқ: 2 – 3).

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android