Ҳар гоҳ зан ҳамсари дуввум бошад ва ҳамсари аввал ӯро таҳдид кунад, нафрин намояд ва ба ӯ салом надиҳад, магар дар назди мардум барои нигаҳ доштани обрӯи худ, аммо агар танҳо бошанд ва касе бо ҳамроҳии онҳо набошад, бо ӯ сухан намекунад, дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Ман 9 сол боз ҳамсари ин мард мебошам, аммо ҳамсари аввалаш назар ба ман бо ӯ бештар зиндагӣ кардааст.
Палонҷ (бохчун, кундош)-аш ӯро бо забони худ азият медиҳад ва ба ӯ салом намедиҳад
Савол: 11785
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бояд ӯ ба қадри имкон сабр кунад, ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб нагардонад ва дар муқобили иғвогариҳои палонҷ (бохчун, кундош)-аш хомӯшӣ ва оромиро пеша бигирад.
(Эй хоҳари гиромӣ!) Агар тавонед, ба ӯ номаи таъсирбахше нависед, ин хуб аст. Пас аз ин, шумо масъули рафтору амалҳои ӯ нестед, зеро шумо воҷиби бар дӯши худ бударо адо намудаед.
Шайх Муҳаммад Ад-Дувайш
Ба суханони Аллоҳ таъоло фармонбардор бошед, ки Ӯ фармудааст:
وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا سورة الفرقان: ٦٣
«Ва ҳангоме ки ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, салом (ба некӣ сухан) мегӯянд». (Сураи Фурқон: 63).
Ӯ боз фармудааст:
ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِي بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِيٌّ حَمِيمٌ سورة فصلت: ٣٤
«Бо некӯтарин шева посух бидеҳ, (агар чунин кунӣ) он касе, ки миёни ту ва миёни ӯ душманӣ аст, ҳамчун дӯсти самимӣ гардад». (Сураи Фуссилат: 34).
Бидонед, беҳтарин посух ба ӯ ин аст, ки агар ӯ дар ҳаққи шумо Аллоҳро нофармонӣ кунад, шумо дар ҳаққи ӯ аз Аллоҳ битарсед.
Аллоҳ ҳидояткунанда ба роҳи рост аст.
Сарчашма:
Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид