0 / 0
1/Шабан/1446 , 31/Январ/2025

Сурма кашидан ба абрӯ ва афтодани баъзе аз торҳои абрӯ бидуни қасд

Савол: 118089

Ман мехоҳам аз шумо оиди ранг кардани абрӯ бо қалами сурма бипурсам, ба монанди сурма кашидан ба чашм. Аммо баъзе вақтҳо чанд тори мӯи абрӯ бидуни қасд канда мешаванд. Оё дар ин ҳолат, ман гунаҳкор мешавам? Чун ман қасдан ин корро намекунам.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ранг кардани абрӯ бо қалами сурма ё ранг кардани он бо ранги монанд ба пӯсти бадан ҳеҷ боке надорад. Ин бо назардошти амал ба асл аст, ки он раво мебошад. (Асос дар чизҳо раво будани онҳо мебошад. Яъне асос ин аст, ки ҳама чиз ҷоизу ҳалол аст, то он даме ки далеле бар хилофи он вуҷуд надошта бошад). Чуноне ки қаблан дар ҷавоби саволи рақами (103345) баён карда шуда буд.
Агар дар ин ҳангом (яъне ҳангоми сурма кашидан), баъзе аз мӯйҳои абрӯ бидуни қасд бирезад, ҳеҷ боке надорад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

رَبَّنَا لا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا

سورة البقرة: ٢٨٦

«Эй Парвардигори мо! Агар фаромӯш намудем ё хато кардем, моро бозхост макун».   (Сураи Бақара: 286).
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ فِيمَا أَخْطَأْتُمْ بِهِ وَلَكِنْ مَا تَعَمَّدَتْ قُلُوبُكُمْ وَكَانَ اللهُ غَفُورًا رَحِيمًا

سورة الأحزاب: ٥

«Дар он чи ки иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест, вале (гуноҳ) дар он чи аст, ки дилҳоятон қасди онро дорад. Ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст».   (Сураи Аҳзоб: 5).

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android