Оё зан пас аз ҳар ҳайз бояд мӯи зери нофи худро битарошад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аз байн бурдани мӯи зери ноф бо кандан ё бо воситаи маводи нура* (оҳакзарних) ё тарошидан ё буридан яке аз суннатҳои фитрат аст, ки Ислом ба он тарғибу ташвиқ намудааст, аммо Ислом муқаррар накардааст, ки пас аз ҳар ҳайз мӯи зери ноф бартараф карда шавад.
Аҳмад, Бухорӣ, Муслим ва муаллифони китобҳои “Сунан” ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Панҷ чиз аз фитрат аст: Тарошидани мӯйи зери ноф, хатна, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кандани мӯи зери бағал, кӯтоҳ кардани нохун».
Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки ӯ мефармояд:
«Дар кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохӯн, кандани мӯи зери бағал ва тарошидани мӯи зери ноф бароямон таъйин карда шудааст, ки набояд ҳеҷ яке аз онҳоро аз чиҳил шаб зиёд тарк кунем».
Муслим ва Ибни Моҷа ин ҳадисро ривоят кардаанд ва Аҳмад, Тирмизӣ, Насоӣ ва Абудовуд онро ривоят намуда, гуфтаанд:
«Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мӯҳлатеро бароямон таъйин кардааст … ».
_______________________________________
* Нура ё оҳакзарних, ки маводи бисёр қадимист, ки барои аз байн бурдани мӯйҳои зоиди бадан истифода мешуд. Дар гузашта ин мавод аз оҳаку зарних сохта мешуд.