Оё тарошидани мӯи зери бағал бо теғи махсуси сартарошӣ дуруст аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҷоиз мебошад, зеро ҳадаф аз он бартарафсозии мӯи зери бағал аст, бо кандан, тарошидан ва ё бо роҳҳои дигар. Кандан (аз тарошидан) беҳтар аст, агар ин муяссар шавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«Панҷ чиз аз фитрат аст: Хатна, кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун, кандани мӯи зери бағал ва тарошидани мӯйи зери ноф». Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим).