Ҳукми тарошидани риши марди дигар
Савол: 1190
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Бар асоси далелҳои саҳеҳ оиди ҳаром будани риштарошӣ, бар мусулмон ҳаром аст, ки ришашро тарошад. Ва ҳамчунин бар дигарон ҳаром аст, ки риши ӯро битарошанд, зеро ин амал аз боби ҳамкорӣ дар гуноҳу таҷовуз аст. Аллоҳ таъоло дар ояти зерин аз ин кор наҳй кардааст:
وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ
(سورة المائدة: ٢)
«Ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед». (Сураи Моида: 2).
Дуввум:
Барои шумо ҷоиз аст, ки мӯи мардонро шонаву ҳамвор бикунед ва бар он равғану хушбӯӣ бимолед, вале барои шумо ҷоиз нест, ки ин корҳоро бар занон бикунед, (яъне барои шумо ҷоиз нест, ки мӯи занонро шонаву ҳамвор бикунед ва бар он равғану хушбӯӣ бимолед), ба ҷуз ба маҳрамони худ.
Сарчашма:
Фатово-л-лаҷнати-д-доима: 5/145