Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Садақаи фитр бар ҳар мусулмоне, ки хароҷоти зиндагии худро таъмин мекунад, дар ҳоле ки дар рӯзу шаби ид беш аз як соъ қут ва хӯрокаи худ ва хонаводаашро дошта бошад, воҷиб аст.
Асос дар он ривоятест, ки аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) закоти фитрро ба андозаи як соъ хурмо ё як соъ ҷав бар ҳар мусулмони бардаву озод, марду зан, хурдсолу бузург фарз гардонид ва амр кард, ки пеш аз хориҷ шудани мардум ба намоз (яъне намози ид) дода шавад». Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим) ва ин лафзи Бухорӣ мебошад.
Ва аз Абусаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Мо закоти фитрро ҳангоме ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар байни мо буд, ба андозаи як соъ аз таом ё як соъ аз хурмо ё як соъ аз ҷав ё як соъ аз мавиз ё як соъ аз кашк (қурут) медодем». Муттафақун алайҳ (ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Пардохти закоти фитр ба андозаи як соъ аз ҳар ғизои маъруфи мардуми кишвари худ, ба монанди биринҷ ва ғайра кофӣ (ва дуруст) аст.
Мақсад аз соъ дар инҷо, соъи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад, ки он чаҳор мушт бо пуррагии ду каффи марди миёна аст.
Агар инсон закоти фитрро тарк кунад, гунаҳкор мешавад ва бар ӯ қазои он воҷиб мегардад.
Аммо ҳадисе, ки зикр кардед, мо саҳеҳ будани онро намедонем. (Яъне он ҳадис саҳеҳ намебошад).
Аз Аллоҳ хоҳонем, ки шуморо муваффақ кунад ва гуфтору кирдори моро ислоҳ намояд.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.