Оё ширкат варзидан дар идҳои ғайримусулмонон, монанди мавлуди Исо, ҷоиз аст?
Ҷашн гирифтани идҳои кофирон ҳаром аст
Савол: 12777
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Барои мусулмон ҷоиз нест, ки дар идҳои кофирон ширкат варзад, дар ин маросим изҳори шодию хурсандӣ намояд ва аз кор истироҳат кунад, хоҳ он ид иди динӣ бошад, ё дунявӣ, зеро ин монандӣ ба душманони Аллоҳ, ки он мамнӯъ аст ва инчунин кӯмаку ҳамкорӣ бо онҳо дар роҳи ботил ба ҳисоб меравад. Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост».
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلا تَعَاوَنُوا عَلَى الأِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَٱتَّقُواْ ٱللهَ إِنَّ ٱللهَ شَدِيدُ ٱلعِقَابِ المائدة /2.
«Ва ҳамдигарро дар некӯкориву парҳезгорӣ кӯмак кунед ва ҳамдигарро дар гуноҳу таҷовуз кӯмак накунед ва аз Аллоҳ битарсед, ҳароина Аллоҳ сахткайфар аст». (Сураи Моида: 2).
Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ба китоби "Иқтизоу-с-сироти-л-мустақим"-и Шайхулислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) муроҷиат кунед, зеро ин китоб дар ин мавзӯъ хеле муфиду судманд аст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.
Сарчашма:
Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто. Рақами фатво: (2540)