Мехостем оиди чӣ тавр ҷудо кардани фарзандон дар ҷойгаҳ, ки дар ҳадиси расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст, равшанӣ меандохтед. Оё мақсад аз он, ҷудо кардани писарону духтарон, ё ҷудо намудани писарон аз якдигар ва духтарон аз якдигар аст? Оё мақсад аз он, ҷудо кардани онҳо дар ҷойгаҳ, ё ҳар яке аз онҳо бояд ҳуҷраи алоҳида дошта бошад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ҳадис ом аст. Писарону духтаронро дар бар мегирад. Ҷудо кардан чунин аст: Ба ҳар як писар ва ҳар як духтар ҷойгаҳи алоҳида дода шавад, гарчанде ки дар як ҳуҷра бошанд. Зеро бо якдигар дар як ҷойгаҳ хобидан, шояд онҳоро ба фоҳиша бибарад. Аллоҳ ҳамаи моро ба тамоми хайр муваффақ гардонад. Поёни сухан.
“Маҷмӯу фатово ибни Боз” (25/357).