Шахсе (Қуръонро) хеле хуб тиловат карда метавонад, алҳамду лиллоҳ. Оё барои ӯ беҳтар аст, ки Қуръони каримро аз мусҳаф бисёр тиловат намояд ё қироати яке аз қориёнро аз наворҳо (кассетаҳо)-и сабтшуда гӯш бикунад?
Мақсад аз хондани Қуръон тадаббуру амал аст
Савол: 128650
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Афзал аст, ки он чи барои қалбаш беҳтару таъсирноктар аст, хоҳ тиловат бошад ва хоҳ гӯш кардан, ҳамонро анҷом бидиҳад, зеро мақсад аз хондани Қуръон тадаббур, фаҳмидани маъно ва амал кардан ба он дастуроте, ки дар китоби Аллоҳ азза ва ҷалла омадааст, ҳамонтавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ
سورة ص: ٢٩
«Китобест пурбаракат, ки онро ба сӯи ту нозил кардем, то дар оёташ тадаббур кунанд ва хирадмандон панд гиранд». (Сураи Сод: 29).
Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
إِنَّ هَذَا الْقُرْآنَ يَهْدِي لِلَّتِي هِيَ أَقْوَمُ
سورة الإسراء: ٩
«Бегумон ин Қуръон ба устувортарин роҳҳо ҳидоят мекунад». (Сураи Исро: 9).
Боз Аллоҳ таъоло мефармояд:
قُلْ هُوَ لِلَّذِينَ آمَنُوا هُدًى وَشِفَاءٌ
سورة فصلت: ٤٤
«Бигӯ: "Ин Қуръон барои касоне, ки имон овардаанд, ҳидояту шифост"». (Сураи Фуссилат: 44).
Поёни сухан аз китоби "Маҷмуъу фатово"-и Ибни Боз (24/363).
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб