0 / 0
2,01404/08/2022

Фарқ байни бонкҳои рибавӣ ва бонкҳои исломӣ

Савол: 128923

Агар бонкҳои исломӣ бо низоми фоида муомила накунанд, пас бо кадом роҳ фоида менамоянд ва аз корашон чӣ манфиате мебаранд? Оё он ҳаққе, ки дар ивази хизматашон мегиранд, рибо ҳисобида мешавад? Ислом кадом муомилаҳоеро рибо мешуморад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Низоми фоидавие, ки бонкҳои тиҷоратӣ бар он эътимод доранд, низоми рибавии ҳаром буда, бар асоси қарзи рибавӣ додан ва қарзи рибавӣ гирифтан бунёд шудааст. Бонк ба мизоҷон бар асоси фоидаи муайян қарз медиҳад. Дар навбати худ мизоҷон низ пули худро дар бонк гузошта, ба бонк қарз медиҳанд ва бар ивази он фоида мегиранд. Қарз дода, бар ивази он фоида гирифтан рибо буда, бо иҷмои донишмандон ҳаром аст. Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (110112) руҷӯъ кунед.

Бонкҳои исломӣ ба муомилаҳои раво, аз ҷумла харид, фурӯш, музораба, шарикӣ ва дигар намудҳои сармоягузории молие, ки мувофиқи шариатанд, эътимод мекунанд. Илова бар ин, ба музди интиқоли пул ва истифода аз қимати сарф ва мубодилаи асъор эътимод мекунанд.

Ин мисоли оддӣ барои фарқ кардани муомилаҳои рибавӣ аз муомилаҳои машрӯъ (мувофиқи шариат). Бонк ҳангоми яке аз ин ду муомиларо анҷом додан чи гуна фоида ба даст меорад:

Агар мизоҷ бихоҳад, ки аз моли худ фоида ба даст оварад ва онро афзоиш диҳад, моли худро дар суратҳисоби бонки рибавӣ мегузорад. Бар ивази ин, бонк барои ӯ фоидаи муайянеро қарор дода, нигоҳдории асли сармояи ӯро ба кафолат мегирад. Ин дар ҳақиқати ҳол, қарзи рибавӣ ба ҳисоб меравад, ки мизоҷ ба бонк қарз додааст. Фоидаи бонк ин истифода бурдани он пули гузошташуд аст. Бонк он пулро ба дигар мизоҷон қарз дода, аз онҳо фоида ба даст меорад. Бонк бо ин роҳ, ҳам қарз медиҳад ва ҳам қарз мегирад ва аз фарқи фоизашон фоида ба даст меорад.

Аммо дар мавриди бонки исломӣ бошад, яке аз роҳҳои фоидааш ин аст, ки молро аз мизоҷ гирифта, бо он дар ягон тиҷорати машрӯъ (мувофиқи шариат) ва ё дар сохтани биноҳои истиқоматӣ ва ғайра, ба тариқи музораба ҳамроҳ мешавад ва як қисме аз фоидаашро ба мизоҷ медиҳад. Бонк низ ҳамчун яке аз тарафи музорабакунанда қисме аз фоидаро барои худ мегирад. Фоидае, ки бонки исломӣ аз ин муомила ба даст меорад, шояд хеле бештар аз фоидае бошад, ки бонки рибавӣ аз роҳи ҳаром ба даст меорад. Вале дар музораба эҳтимоли зиён кашидан вуҷуд дорад ва ҳамчунин бояд лоиҳаи фоидаоварро интихоб карда, онро роҳбарӣ намояд ва рафти онро пайгирӣ кунад, то фоидаи хубе ба даст оварад.

Фарқ байни бонки рибавӣ ва бонки исломӣ дар мисоли боло ҳамон фарқ байни қарзи рибавии ҳаром ва музорабаи машрӯъ аст, ки гоҳо мизоҷ молашро аз даст медиҳад. Дар музораба барои сармоя кафолат вуҷуд надорад, вале агар фоида кунад, моли ҳалолеро ба даст меорад.

Хулоса: Бонки исломӣ барои ба даст овардани фоида роҳҳои гуногуни машрӯъ (мувофиқи шариат) дорад. Ба ҳамин хотир, ин бонкҳо пешрафту тараққӣ намудаанд, ҳатто баъзе аз кишварҳои ғайримусалмонӣ кӯшиш доранд, ки низоми бонкдории исломиро ҷорӣ кунанд, зеро дар ин низом фоидаи бештар ба даст меояд ва ҳамчунин аз он фасоде, ки дар низоми бонкдории рибавӣ мавҷуд асту, сабабгори харобиву хасорат мегардад, дуранд.

Дуввум:

Муомилаҳои рибавӣ зиёданд, аз ҷумла, қарз додану қарз гирифтан бо фоидаи муайян. Ҳамчунин мубодилаи асъор (фурӯши асъор ба асъори дигар) ҳардуро ва ё якеро дер додан. Инчунин иваз намудани тилло бо тилло ба сурати каму зиёд ва ё насия. Боз баъзе умуре, ки дар асл қарзи рибавӣ ҳастанд, ба монанди кам кардани варақҳои тиҷоратӣ, суратҳисоби пасандоз, шаҳодатҳои сармоягузорие, ки дорои даромад ва мукофот ҳастанд ва ҷарима ситонидан барои дер пардохтан дар муомилаи тақсит ё бозпас гирифтани корти қарзӣ.

Шумо метавонед барои огоҳии бештар оиди ин масъалаҳо ба сомонаи мо руҷӯъ кунед.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android