Ҳукми қисм-қисм пардохт намудани суғуртаи ҳатмӣ
Савол: 129689
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Суғуртаи тиҷоратӣ бо тамоми намудҳояш ҳаром аст, хоҳ барои мошин бошад ё хона ва ё ҳаёт, зеро дар он ғарар ва қимор вуҷуд дорад. Аммо агар инсон ба гирифтани суғурта маҷбур карда шавад ва аз он роҳи халосӣ набошад, дар ин ҳолат, барояш ҷоиз аст, ки ин корро бикунад. Гуноҳи он бар касест, ки ӯро ба ин кор маҷбур кардааст. Ба ҷавоби саволи рақами (45918) руҷӯъ карда шавад.
Агар барои пардохти суғурта ду роҳ вуҷуд дошта бошад, яке нақдӣ ва дигаре қисм-қисм, пас ҳеҷ боке нест, ки онро қисм-қисм пардохт намояд, гарчанде ки он аз қимати аслӣ зиёдтар бошад, зеро он қарз нест, ки маблағи зиёдатиашро рибо шуморем.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб