Дар минтақаи Саҳрои бузург, шояд моҳи Рамазон дар тобистон фаро расад ва рӯза гирифтан барои онон душвор мегардад ва шояд рӯза гирифтан (дар ин вақт) ғайриимкон бошад. Ин якчанд сол идома хоҳад ёфт. Онҳо чӣ гуна бояд рӯза бигиранд?
Оё мардумоне, ки дар минтақаҳои хеле гарм зиндагӣ мекунанд, гарчанде ки рӯза барои онҳо душвор ҳам бошад, бояд рӯза бигиранд?
Савол: 129831
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Ҳар гоҳ моҳи Рамазон фаро расад, бояд ҳар як мусулмони мукаллаф, муқиму солим рӯза бигирад.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ
)سورة البقرة: ١٨٥).
«Пас ҳар касе аз шумо ин моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза бигирад ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад». (Сураи Бақара: 185).
Рӯза гирифтан дар вақти гармӣ ҳам фарз аст, зеро рӯзаи Рамазон яке аз рукнҳои Ислом аст. Агар шахсе рӯза бигирад ва сипас ба ташнагии шадиде рӯбарӯ шавад, ки дар он хавфи ҳалокат вуҷуд дошта бошад, дар ин ҳолат метавонад бо тановул намудани чизе (хӯрок ва ё нӯшокие), ки ӯро зинда нигоҳ медорад, ифтор бикунад, сипас (дар боқимондаи рӯз) аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунад ва қазои он рӯзро дар вақти дигар адо менамояд. Аллоҳ донотар аст.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.
Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён. Солеҳ Ал-Фавзон. Шайх Абдулазиз Оли Шайх. Шайх Бакр Абузайд.
"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" – маҷмӯаи дуввум (9/145).
Сарчашма:
"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" - маҷмӯаи дуввум (9/145).