0 / 0
49622/01/2024

Иддаои фазилату хусусиятҳои махсус барои рӯзҳои муайян бидуни далели шаръӣ ҷоиз намебошад

Question: 1305

Рӯзҳои сездаҳум, бисту якум, бисту дувум ва бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб чӣ аҳамияте доранд?

Answer

Praise be to Allah, and peace and blessings be upon the Messenger of Allah and his family.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ягон фазилате, ки махсуси ин рӯзҳо бошад, мутлақан вуҷуд надорад. Аммо рӯзҳои моҳи Раҷаб ба таври куллӣ ва бидуни истисно бузург мебошанд, зеро Раҷаб яке аз моҳҳои ҳаром аст, мисли моҳҳои Зулқаъда, Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам.

Аммо рӯзи сездаҳуми ҳар моҳ – на танҳо Раҷаб – яке аз се рӯзҳои айёму-л-бийз аст, ки рӯза гирифтани он мустаҳаб аст. Айёму-л-бийз рӯзҳои сездаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми ҳар моҳи ҳиҷрӣ аст.

Бисёре аз бидъаткорон гумон мекунанд, ки баъзе аз рӯзҳо фазилатҳои махсусе доранд ва бидуни ягон далели шаръӣ дар он рӯзҳо ибодатҳои махсусеро анҷом медиҳанд. Амали онҳо мардуд ва қобили қабул нест, зеро онҳо дар дини Аллоҳ чизҳои наверо эҷод кардаанд, ки Аллоҳ ба он иҷоза надодааст. 

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки моро ба пайравии суннат ва дурӣ аз бидъат кӯмак намояд. Дуруди Аллоҳ ба паёмбарамон Муҳаммад бод.

Source

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android