Дафн кардани мурдагон дар масҷидҳо чӣ ҳукм дорад?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
"Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз дафн (ва гӯронидани мурдагон) дар масҷидҳо ва аз сохтани масҷид бар болои қабрҳо манъ намуда, анҷомдиҳандаи онро лаънат кардааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳатто дар бистари марг уммати худро аз ин амал бим намудааст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) зикр кардааст, ки ин амали яҳудиёну насрониён аст ва ҳамчунин василаест ба ширк ба Аллоҳ таъоло. Зеро бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳо ва дафн намудани мурдагон дар дохили он василаи ширк ба Аллоҳ таъоло барои соҳибони ин қабрҳост. Пас мардум эътиқод мекунанд, ки соҳибони он қабрҳое, ки дар дохили масҷид дафн шудаанд, метавонанд фоида ё зарар расонанд ва ё онҳо мақоми хоссе доранд, ки ба ҷуз Аллоҳ таъоло бо тоату ибодат ба сӯи онҳо тақарруб ҷуст.
Мусулмонон бояд аз ин падидаи хатарнок бипарҳезанд. Масҷидҳо бояд аз қабрҳо холӣ бошанд ва бар пояи тавҳид ва ақидаи саҳеҳ бунёд шаванд.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلهِ فَلا تَدْعُوا مَعَ اللهِ أَحَداً
سورة الجن: ١٨
«Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ аст, пас ҳеҷ касеро бо Аллоҳ нахонед (парастиш накунед)». (Сураи Ҷин: 18).
Масҷидҳо бояд танҳо барои Аллоҳ таъоло ва аз ҳар гуна падидаҳои ширк холӣ бошанд, ки дар он ҷо ибодати Аллоҳи ягона, ки шарике надорад, анҷом дода шавад. Ин аст воҷиби мусулмонон.
Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст". Поёни сухан.
Ҷаноби Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)
"Фатово-л-ақида" (саҳ 26).
Аллоҳ донотар аст.