0 / 0

Оиди саҳеҳ будани ҳадиси «Ихлос сирре аз сирҳои Ман аст».

Савол: 13246

Дараҷаи ҳадиси қудсии «Ихлос сирре аз сирҳои Ман аст. Ман онро дар дили бандаҳое, ки дӯст медорам, қарор медиҳам» чӣ гуна мебошад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ҳадис хеле заиф ё мавзуъ (бофташуда) аст.

Қазвинӣ ин ҳадисро дар "Мусалсалот"-и худ ривоят кардааст, чуноне ки Ироқӣ дар китоби "Тахриҷу иҳёи улуми-д-дин» (4/365) – аз ҳадиси Ҳузайфа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) –  гуфтааст: Дар санади он Аҳмад ибни Ато Ал-Ҳуҷаймӣ ва Абдулвоҳид ибни Зайд вуҷуд доранд, ки ҳарду матрук мебошанд.

(Ҳадиси матрук ҳадисест, ки онро танҳо як ровӣ ривоят намудааст, ки донишмандон бар заиф будани ӯ иҷмоъ кардаанд ва ё ин ровӣ (ривояткунанда) муттаҳам ба дурӯғ аст ва ё аз ӯ дар муомила бо мардум дурӯғ содир шудааст).

Ҳамчунин Дайламӣ ин ҳадисро дар "Муснаду-л-фирдавс" (3/187) аз Алӣ ва Ибни Аббос ривоят кардааст.

Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (4/109) гуфтааст: Ҳадиси бениҳоят заиф мебошад.

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android