0 / 0

Ҳеҷ кас наметавонад аз номи каси дигар намози истихора бихонад

Савол: 134612

Оё ҷоиз аст, ки касе аз номи ман бароям намози истихора бихонад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Барои касе ҷоиз нест, ки аз номи каси дигар намози истихора бихонад.

Дар “Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ”-и Шайх Ибни Усаймин дар зери шумораи (83) омадааст:

Истихора танҳо барои касе ҷоиз аст, ки ба анҷом додани коре азму ирода намояд. Истихора аз номи дигарон дуруст нест, агарчӣ ӯро (ба анҷоми ин кор) таъйин намуда, бигӯяд: “Барои ман аз Аллоҳ талаби хайр кун (яъне аз номи ман намози истихора бихон”.

Зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Ҳар гоҳ яке аз шумо қасди анҷоми кореро бикунад, ду ракъат намоз бихонад ва сипас бигӯяд: …. Баъд аз он ҳадисро пурра зикр намуд».

Ин монанди он аст, ки агар ду нафаре вориди масҷид шаванд ва яке аз онҳо ба дигаре бигӯяд: “Ба ҷои ман ду ракъат намози таҳияи масҷид бихон ва ман менишинам”. Ин амал дуруст нест. Намози истихора ба худи истихоракунанда, ки мехоҳад кореро анҷом бидиҳад, дахл дорад. Поёни сухан.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android