0 / 0

Рӯзаи рӯзи таваллуд ва рӯзаи рӯзи таваллуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)

Савол: 137931

Оё рӯзаи рӯзи таваллуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар асоси ҳадисе, ки дар "Саҳиҳ"-и Муслим, "Сунан"-и Насоӣ ва Абудовуд омадааст, ҳангоме ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзаи рӯзи душанбе пурсида шуд, гуфт: «Он рӯзест, ки ман дар он рӯз таваллуд шудаам…» ҷоиз аст? Инчунин бар асоси ин ҳадис, оё барои инсон ҷоиз аст, ки ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ намуда, дар рӯзи таваллудаш рӯза бигирад? Лутфан шарҳ бидиҳед.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Муслим (1162) аз Абуқатодаи Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди рӯзаи рӯзи душанбе пурсида шуд. Дар ҷавоб гуфт: «Дар он рӯз таваллуд шудаам ва дар он рӯз Қуръон ба ман нозил шудааст».

Тирмизӣ (747) ҳадиси зеринро аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят намуда, онро ҳасан донистааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Амалҳо дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе ба даргоҳи Аллоҳ таъоло пешкаш мешаванд ва дӯст медорам, ки амали ман дар ҳоли рӯзадориам, ба Аллоҳ пешкаш шавад».

Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" саҳеҳ донистааст.

Аз ҳадисҳои саҳеҳи дар боло овардашуда, маълум мегардад, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи душанбе ба хотири шукри неъмати таваллуд шуданаш дар ин рӯз, инчунин ба хотири фазилати он рӯз, рӯза гирифт. Ваҳй дар он рӯз ба ӯ нозил шуд ва дар он рӯз амалҳо ба даргоҳи Аллоҳ таъоло пешкаш карда мешаванд. Пас ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дӯст дошт, ки амалаш дар ҳоли рӯзадориаш ба осмон бардошта шавад. Яке аз сабабҳои рӯзадории рӯзи душанбе, дар он рӯз таваллуд шудани паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад.

Касе, ки дар рӯзи душанбе рӯза бигирад, ҳамон тавре ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар он рӯз рӯза гирифтааст, мағфирати гуноҳонро дар он рӯз умед карда, неъматҳоеро, ки Аллоҳ дар он рӯз ба бандагонаш ато кардааст, шукргузорӣ намояд, ки яке аз бузургтарини он неъматҳо ин аст, ки дар он рӯз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таваллуд шуд ва ба сӯи мардум фиристода шуд ва умед кунад, ки аз ҷумлаи касоне бошад, ки дар он рӯз мағфират мешаванд, ин чизи хуб аст ва мувофиқи суннати собитшудаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

Аммо ӯ набояд ҳафта ё моҳи махсусеро барои гирифтани ин рӯза интихоб намуда, ин амалро дар дигар ҳафтаву моҳҳо тарк бикунад. Балки ӯ бояд ин рӯзаро ба қадри имкон дар давоми тамоми сол анҷом бидиҳад.

Аммо дар давоми сол, ба хотири ҷашни мавлуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) як рӯзи махсусе рӯза гирифтан, бидъат ва мухолифи суннати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳисобида мешавад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзҳои душанбе рӯза мегирифт. Аммо он рӯзи махсуси сол (ки мардум ба хотири ҷашни мавлуди паёмбар рӯза мегиранд) мумкин аст, ки дар рӯзи душанбе ё дар ягон рӯзҳои дигари ҳафта рост ояд.

Барои маълумоти бештар оиди ҷашни мавлуд ва ҳукми он, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (13810) ва рақами (70317) нигаред.

Дуввум:

Он чизе, ки имрӯзҳо дар байни мардум бо номи ҷашни зодрӯз паҳн шудааст ва таҷлили рӯзи таваллуд дар байни онон интишор ёфтааст, як бидъати номашрӯъ мебошад. Мусулмонон ба ғайр аз ду ид, иди Фитр ва иди Азҳо (Қурбон) дигар иде надоранд, ки онро ҷашн бигиранд.

Ин масъала пештар дар якчанд ҷавобҳо баён шуда буд. Лутфан ба рақами (26804) ва (9485) нигаред.

Зодрӯзи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) неъмати ҳақиқӣ ва раҳмат барои тамоми башарият аст, чуноне ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ    الأنبياء/107.

{Ва (эй Муҳаммад) туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем}.   (Сураи Анбиё: 107).

Ва инчунин зодрӯзи ӯ оғози тамоми хайру некӣ барои башарият аст. Чӣ гуна метавонем онро бо зодрӯз ё вафоти дигарон муқоиса кунем.

Илова бар ин, дидгоҳи саҳобагон, солеҳон ва гузаштагоне, ки баъд аз онҳо буданд, оиди ин амал чӣ гуна буд?

Аз ҳеҷ яке аз гузаштагон ва донишмандони пешиниён собит нашудааст, ки гуфта бошад, ки рӯза гирифтани рӯзе аз ҳафта ё аз моҳ ё аз сол ё ҷашн гирифтани он рӯз ба он далел, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи таваллуди худ ҳар ҳафта дар рӯзи душанбе рӯза мегирифт, ҷоиз мебошад.

Агар ин машрӯъ мебуд, аҳли илму фазл ва шитобкунандагон ба тамоми хайр пеш аз мо ин амалро анҷом медоданд. Вақте ки онҳо ин амалро иҷро накарданд, маълум шуд, ки ин чиз нав пайдошудааст ва анҷом додани он ҷоиз нест.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android