0 / 0
2,44919/10/2021

Ин зан барои шумо маҳрам намебошад

Савол: 14333

Бародари ҳамсарам оиладор аст, муносибати ман бо ҳамсари ӯ бояд чӣ гуна бошад? Ӯ маро "бародарам" гуфта садо мекунад ва ман бо ӯ мисли хоҳарам рафтор мекунам. Оё ин дар Ислом ҷоиз аст? Лутфан ба ман тавсия бидиҳед.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҷоиз нест, ки бо ҳамсари бародари ҳамсаратон мисли хоҳари худ рафтор кунед, зеро ӯ аз ҷумлаи маҳрамҳои шумо намебошад. Барои ӯ ҷоиз нест, ки бе ҳиҷоби шаръӣ дар пеши шумо зоҳир шавад. Барои шумо ҷоиз нест, ки бо ӯ танҳо бимонед, бо ӯ мусофаҳа (бо даст салом) бикунед, ба ӯ нигоҳ намоед ва бо ӯ сӯҳбат бикунед, магар аз паси парда, ҳар гоҳ аз фитна эмин бимонад. Аллоҳ таъоло занони мӯъминро аз зоҳир намудани ороиши худ магар дар назди шахсони муайян манъ кардааст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ    (سورة النور: 31).

«Ва ороиши худро ошкоро накунанд, магар он чи аз он намоён аст ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони худ, ё падарони худ, ё падарони шавҳарони худ, ё писарони худ, ё писарони шавҳарони худ, ё бародарони худ, ё писарони бародарони худ, ё писарони хоҳарони худ, ё занони (ҳамдини) худ (яъне занони мусулмон), ё ғуломони худ, ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд, ё кӯдаконе, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва (ҳангоми роҳ рафтан) заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зинати худ, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Аллоҳ тавба кунед, бошад ки растагор шавед».   (Сураи Нур: 31).

Шумо аз ҷумлаи касоне нестед, ки дар оят зикр шудаанд, аз ин рӯ, ба ҳукми онҳо дохил намешавед. Боз Аллоҳ донотар аст.

Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (5538 ) руҷӯъ карда шавад.

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android