Оиди ҷашн гирифтани мавлуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар кишвари Испания саволе дорам. Мо ин маросимро барои якҷоя шудан бо мусулмонон, мустаҳкам кардани робитаҳои бародарӣ, шиносоӣ ва алоқаи дӯстӣ пайдо кардани фарзандонамон бо якдигар, тавсияи онон ба ифтихор намудан бо дини худ ва барои нигоҳ доштани онон аз чизҳое, ки бо воситаи он ақлҳои фарзандонамон хароб мегардад, ба монанди карнавал ва идҳои ишқу муҳаббат, истифода мебарем?
Ҳукми ҷашн гирифтани мавлуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бидуни мусиқӣ ва чизҳои ҳаром кардашуда
Савол: 148053
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Нависандагони сират оиди вақти таваллуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ихтилоф кардаанд. Аммо иттифоқ кардаанд, ки вафоти ӯ дар дувоздаҳуми Рабиъу-л-аввали соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ буд. Ин ҳамон рӯзест, ки мардуми авом онро ҷашн мегиранд ва онро иди мавлуди паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) қарор медиҳанд.
Дуввум:
Дар шариати ислом чизе бо номи "иди мавлуди набавӣ" вуҷуд надорад. Саҳобагон, тобеин ва пас аз онон дигар имомони ислом чунин рӯзеро намедонистанд, аз боби авло ҷашн гирифтани онро низ намедонистанд, балки баъзе бидъаткорон аз ҷоҳилони ботиния ин идро эҷод кардаанд ва сипас мардуми авом дар бисёре аз кишварҳо пайрави ин бидъат шудаанд.
Пештар ба таври васеъ баён кардем, ки ҷашн гирифтани он аз ҷумлаи бидъатҳо мебошад.
Ҷашни он аз ҷумлаи бидъатҳо буданашро дар ҷавобҳои саволҳои (13810) пештар ба таври васеъ баён карда будем.
Саввум:
Баъзе аз дӯстдорони суннат, ки таҳти таъсири ҷашнҳои мавлуд дар кишвари худ қарор гирифтаанд, гумон мекунанд, ки агар бо аҳли хонавода чамъ шаванд ва барои ин маросим хӯроки махсусе омода карда, якҷоя бихӯранд, аз ин бидъат наҷот меёбанд. Инчунин баъзе аз онон ёрону наздикони худро бо ин мақсад даъват мекунанд ва баъзеи дигар гумон мекунанд, ки барои хондани сирати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ё панду мавъизаҳои динӣ намудан бо мардум ҷамъ мешавад.
Инчунин, мақсади неки шумо, якҷоя шудани мусулмонон ва зинда кардани руҳияи ифтихор бо дин дар кишварҳои куфр мебошад.
Воқеият ин аст, ки ҳамаи ин ниятҳо ҷамъшавии онҳоро мувофиқи шариат намегардонад, балки он бидъати инкоршуда аст. Агар ид бихоҳед, иди Фитр ва иди Азҳо (Қурбон) идҳои мусулмонон аст ва агар аз ин ҳам бештар бихоҳед, мо рӯзи ҷумъа дорем, ки иди ҳафта аст, дар он рӯз барои намози ҷумъа ва барои зинда кардани руҳияи ифтихор бо дин ҷамъ шавед.
Агар ин бароятон муяссар нашавад, рӯзҳои сол бисёр аст, метавонед дар ҳар маросими дигаре ҷамъ шавед, ки аз ҷумлаи идҳои бидъатӣ набошад, балки дар ҳар маросими мубоҳе, ба монанди тӯйи домодию арӯсӣ ё ҷамъшавӣ дар зиёфате ё ақиқа ё табрик ба ягон амри хайр. Ҳамаи ин маросимҳо метавонанд барои зинда кардани руҳияи алоқа, якҷоя шудани мусулмонон ва тамассук ба дин муносиб бошанд.
Ин фатвоҳои донишмандон оиди ҳукми касоне, ки бо он ниятҳо дар ин маросим ҷамъ мешаванд:
1. Имом Абуҳафс Тоҷуддини Фокиҳонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар баёни намудҳои мавлудҳо гуфтааст:
Яке ин аст, ки марде онро аз моли худаш барои хонавода, ёрон ва фарзандонаш анҷом бидиҳад ва дар он иҷтимоъ ба ғайр аз хӯрдани хӯрок дигар кореро иҷро накунанд ва ягон гуноҳеро анҷом надиҳанд. Ин мавридест, ки мо ҳамин гуна амалро бидъати нописанд ва зишт номидаем, зеро ҳеҷ касе аз пешравони аҳли тоат, ки онон фақеҳони ислом, донишмандони мардум, чароғҳои замонаҳову зинатҳои маконҳо мебошанд, ин амалро накардаанд.
"Ал-Мавриду фӣ амали-л-мавлид" (Саҳ 5).
2. Ибни Алҳоҷ моликӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳукми мавлуде, ки аз мункарҳои олатҳои мусиқӣ, суруд ва якҷоя шудани мардону занон холӣ мебошад, гуфтааст:
Агар аз мункарот холӣ бошад ва танҳо хӯрок омода кунад ва нияташ аз он, мавлуд бошад ва бародаронашро ба он даъват намояд ва аз тамоми мункароте, ки зикр шуд, дурӣ кунад, ин амалаш ба хотири ҳамон нияташ бидъат ҳисобида мешавад, зеро ин чизи изофашуда дар дин буда, аз амали гузаштагон намебошад. Пайравӣ намудан ба гузаштагон авлотар аст. Балки анҷом додани ин кор зарурист ва ҳеҷ чизи дигаре набояд илова карда шавад, ки хилофи роҳи онон бошад, зеро онон аз ҳамаи мардум бештар ба суннати расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ менамуданд ва аз ҳама зиёдтар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва суннати ӯро эҳтиром мекарданд ва дар мубодарат ба пайравии суннат аз дигар мардум пешқадам буданд. Аз ҳеҷ кадоми онон нақл нашудааст, ки ҷашни мавлудро ният карда бошанд. Мо пайрави онон ҳастем, ҳар он чи барои онон шоиста буд, барои мо низ шоистааст.
"Ал-Мадхал" (2/10).
Маълум аст, ки мо бояд дар дониш ва амал ба онҳо пайравӣ кунем, чуноне ки Шайх Имом Абӯтолиби Маккӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ гуфтааст.
3. Инчунин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Баъзеашон аз ин, яъне аз шунидани ҳаром парҳез мекунанд ва ба ҷои он, мавлудро бо хондани "Саҳиҳи Бухорӣ" ва дигар китобҳо баргузор мекунанд. Агарчӣ хондани ҳадис ба зоти худ аз беҳтарин қурубот ва ибодатҳост ва дар он баракат ва хайри бисёр вуҷуд дорад, модоме ки онро бо шартҳояш, мувофиқи шариат анҷом бидиҳанд, на ба нияти мавлуд. Оё намебинӣ, ки намоз яке аз бузургтарин василаҳои наздикшавӣ ба Аллоҳ таъоло мебошад. Бо ин ҳол, агар инсон онро дар ғайри вақти таъйиншудаи шаръӣ анҷом бидиҳад, ин амалаш мазамматшуда ва мухолифи шариат ҳисобида мешавад. Агар намоз чунин бошад, пас дигар амалҳо чигуна бошанд?!
"Ал-Мадхал" (2/25).
Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (117651) нигаред.
Хулоса:
Дар ин маросими бидъатӣ ба хотири ҳадафҳои мазкур, яъне ба хотири якҷоя шудан бо мусулмонон ва насиҳату роҳнамоӣ, ҷамъшавӣ ҷоиз нест. Шумо метавонед ин мақсадҳои некро дар маросими дигар анҷом бидиҳед, шумо як соли пурра доред ва ҷамъшавии худро дар яке аз рӯзҳои сол қарор бидиҳед.
Аз Аллоҳ таъоло мепурсам, ки шуморо бар ин кӯшиши хайратон муваффақ кунад ва бар ҳидояту тавфиқатон бияфзояд.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб