Агар чизи моеъеро, монанди чой, шарбат ва ғайра нӯшам, сипас баъди он намоз хонданӣ шавам, оё бароям воҷиб аст, ки даҳонамро пеш аз намоз хондан, бо об бишӯям ва оё ин кор ҳангоми қироати Қуръон аз рӯи мусҳаф низ зарур аст?
Пас аз хӯрдану нӯшидан мустаҳаб аст, ки инсон даҳонашро мазмаза намояд.
Савол: 148981
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Шустани даҳон пас аз хӯрдану нӯшидан воҷиб нест, хоҳ намоз хонданӣ бошад, ё қироати Қуръон карданӣ бошад. Балки ин амал мустаҳаб аст, хоссатан агар чизи хӯрдашуда ё нӯшидашуда равған дошта бошад. Чигунае, ки Муслим (358) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шире нӯшид, сипас амр намуд, ки об оварда шавад, баъд бо он мазмаза карда гуфт: Ҳароина шир равғане дорад.
Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Сухани: "Баъди нӯшидани шир мазмаза кардан мустаҳаб аст". Олимон дар ин бобат гуфтаанд: Инчунин пас аз хӯрдану нӯшидани ҳама намуд хӯроку нӯшокӣ низ мазмаза кардан мустаҳаб аст, то дар даҳон чизе боқӣ намонад, ки онро дар вақти намоз фурӯ барад. Поёни сухан аз китоби "Шарҳу Муслим ли-н-Нававӣ".
Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳийя" (37/108) чунин омадааст: "Мазмаза баъди хӯрок мустаҳаб аст, чигунае ки аз Сувайд ибни Нӯъмон (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят шудааст, ки ӯ ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар соли Хайбар ба роҳ баромад, ҳангоми ба минтақаи Саҳбо, ки дар поёнтари Хайбар воқеъ аст, расиданд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) намози асрро хонда, хӯрок талабид, аммо ба ҷуз савиқ (талқон, хуроке, ки аз гандум ё ҷав тайёр карда мешавад) чизи дигареро дарёфт накарданд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба овардани он амр намуд, сипас онро ба об тар карда оваранд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз он хӯрд ва мо низ аз он хӯрдем, сипас ба намози шом хеста, мазмаза намуд, мо низ мазмаза кардем, баъд таҳорат накарда намоз хонд.
Ҳадиси мазкур далели мустаҳаб будани мазмаза пас аз хӯрдани хӯрок аст. Фоидаи мазмаза кардан пеш аз намоз аз савиқ (талқон), гарчанде, ки равған надошта бошад, дар он аст, ки боқимондаи он дар байни дандонҳо ва атрофи даҳон мемонад ва инсонро дар намоз машғул месозад". Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб