0 / 0
2,07627/05/2020

Пеш аз намози ид додани закоти фитрро фаромӯш кардааст

Савол: 162095

Хукми касе, ки додани закоти фитрро фаромӯш кардааст ва онро баъди намози ид ба хотир овардааст, чист?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ӯ гунаҳкор намешавад, зеро ӯ фаромӯш кардааст ва ин узр ҳисобида мешавад. Вале бар ӯ воҷиб аст, ки ҳангоми ба хотир оварданаш онро фавран бидиҳад.

Шайх Абдулазиз Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди шахсе, ки додани закоти фитрро дар вақташ фаромӯш кардааст, пурсида шуд, дар ҷавоб гуфт:

Ҳеҷ шакке нест, ки додани закоти фитр пеш аз намози ид суннат аст, чигунае ки паёмбари бузургвор (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он амр кардааcт. Аммо барои ин корат, бар ту ҳеҷ гуноҳе нест, зеро (дар ин ҳолат) баъди намоз ҳам, ки додӣ – шукри Аллоҳ –  қабул мегардад. Гарчанде ки дар ҳадис омадааст, ки он садақае аз садақаҳост. Ин маънои онро надорад, ки он қабул карда намешавад, балки он ба ҷояш фаромадааст, аз ин рӯ умедворем, ки он қабул шуда, закоти комил хоҳад шуд, зеро ту онро қасдан ба таъхир наандохтаӣ, балки онро бо сабаби фаромӯшӣ ба таъхир андохтаӣ. Аллоҳ таъоло дар китоби бузурги худ (Қуръони Карим) фармудааст:

 رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا 

"Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш намудаем, ё хатое кардаем, моро ҷазо мадеҳ".

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ фармудааст: (Аллоҳ таъоло мегӯяд: Ман онро анҷом додаам). Аллоҳ дуои бандагони мӯъминашро дар мавриди муҷозот накардани онон бо сабаби хатогӣ ва фаромӯшӣ қабул кардааст. Поёни сухан аз китоби "Маҷмӯу Фатово"-и Шайх Ибни Боз (14/217).

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Касе онро пеш аз намоз адо намояд, пас он закоти қабулшуда мебошад. Касе онро баъди намоз адо кунад, садақае аз садақот мебошад". Магар дар ҳолате, ки инсон узр дошта бошад, монанди касе, ки онро фаромӯш кунаду, баъди намоз ба хотир биёварад, ки закоти фитрро надодааст, ё ба касе такя кардааст, ки одатан аз номи ӯ медоду ин даъфа надодааст ва ё монанди касе, ки пеш аз додани закоти фитр, хабари ид ногаҳонӣ барояш бирасад, баъди намоз онро медиҳад.

Пас дар ҳолати узр доштан, ҳеҷ боке нест, ки онро баъди намоз бидиҳад. Дар ин ҳолат закоти фитраш қабул карда мешавад, зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди намоз фармудааст: "Касе ки аз намоз бихобад, ё онро фаромӯш бикунад, пас ҳар гоҳ ба хотираш ояд, онро бихонад". Агар дар мавриди намоз ингуна бошад, ки аз бузургтарин фаризаест, ки бояд дар вақташ анҷом дода шавад, пас дар ибодатҳои дигар аз боби авло ҷоиз аст. Поёни сухан аз фатовои "Нурун ъала-д-дарб".

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android