Барнома кардан
0 / 0

Ҳукми хурдани таъми пайравони дини ҳиндуия, нишастан ҳамроҳи онҳо ва иштирок намудан дар маросимҳои динии онон.

Савол: 162654

Ҳукми хурдани таом ва боқӣ мондан дар хонаи пайрави дини ҳиндуия чист? Агар таом аз чизҳои ҳалол ва бо тариқаи ҳалол пухта шуда бошад, ҳукмаш чӣ гуна аст? Агар дар назди ман баъзе маросими диниашонро иҷро бикунанд, ҳукмаш чист? Агар хурдан ва боқӣ мондан дар хонаи чунин шахсон ҷоиз набошад, пас чаро ҳамчун инсон шуури онҳоро риоя ва фикрашонро эҳтиром намекунем?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:   

Боке надорад, ки мусулмон аз таомҳои ғайри мусулмонон, аз қабили шир, сабзавот, меваҷот, донагиҳо ва дигар намуди таомҳо бихӯрад, дар ягон далели шаръие наомадааст, ки хурдани ин чизҳо манъ шуда бошад, ба ҷуз забиҳаи  онҳо (яъне гушти ҳайвоне, ки онҳо забҳ намудаанд).

Қатода гуфтааст: "Хурдани таоми маҷусӣ, ба ҷуз забиҳааш ҳеҷ боке надорад". Поёни сухан аз китоби "Мусаннаф"-и Абдурраззоқ (6/109).

Қуртубӣ гуфтааст: "Хӯрдани таоми касе, ки китоб бар онҳо нозил нашудааст, монанди мушрикон ва бутпарастон, ҳеҷ боке надорад, модоме, ки аз забиҳаашон набошад". Поёни сухан аз китоби "Ал-Ҷомиъу ли-аҳкоми-л-Қуръон" (6/77).

Аммо аз забиҳаҳои ғайри мусулмонон бошад, ба ғайр аз забиҳаи аҳли китоб, яҳуду насоро дигараш ҷоиз нест. Читавре, ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حِلٌّ لَكُمْ

سورة المائدة: ٥

«Таоми аҳли китоб бар шумо ҳалол аст».   (Сураи Моида: 5).

Ибни Аббос гуфтааст: "Таоми онҳо, яъне забиҳаи онҳост".   Бухорӣ инро ба таври муаллақ зикр кардааст. (Ҳадиси муаллақ ҳадисест, ки аз аввали санадаш як ва ё якчанд ровияш ҳазф шудааст).

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (88206 ) нигаред.

Дуввум:

Ҳамроҳи кофире, ки бо мусулмонон дар ҳолати ҷанг қарор надоранд, таом хӯрдан, ҳеҷ боке надорад, балки ин аз ҳамон некӯиест, ки Аллоҳ ба он иҷозат додааст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

لَا يَنْهَاكُمُ اللّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

سورة الممتحنة: ٨

«Аллоҳ шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан нисбат ба касоне, ки дар (амри) дин бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз диёратон берун насохтаанд, манъ намекунад. Бегумон Аллоҳ адолатпешагонро дӯст медорад».   (Сураи Мумтаҳана: 8).

Аз донишмандони кумитаи доимӣ пурсиданд: Оё ҷоиз аст, ки мусулмон бо ҳамроҳии кофир таом бихӯрад?

Чунин посух доданд: "Агар таом ҳалол бошад, ҳамроҳи ӯ хӯрок хӯрдан ҷоиз аст ва хоссатан ҳангоме, ки ба ин кор ҳоҷате дошта бошад, масалан агар ӯ меҳмон бошад ва ё хоҳиши ӯро ба Ислом даъват кардан дошта бошад ва ғайра, бо вуҷуди ӯро дар роҳи Аллоҳ бад дидан, то он даме ки Ислом оварад". Поёни сухан аз "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (22/413).

Саввум:

Бар мусулмон ҷоиз нест, ки дар маҷлисе, ки онҷо ибодат ва маросимҳои динии кофирон барпо мешавад, иштирок кунад. Аллоҳ мӯъминонро васф карда, гуфтааст, ки онҳо аз ҳузури маҷлисҳои мункар, дурӣ меҷӯянд. Аллоҳ таъоло дар баёни сифатҳои бандагони Раҳмон фармудааст:

 وَالَّذِينَ لا يَشْهَدُونَ الزُّورَ

سورة الفرقان: ٧٢

«Ва онон, ки ба ботил шаҳодат намедиҳанд». (Яъне дар маҷлисҳои ботил иштирок намекунанд).   (Сураи Фурқон: 72).

"Калимаи Аззур (الزور) ҳама намуди мункарро дарбар мегирад". Поёни сухан аз "Маҷмуъу-л-фатово"-и Ибни Боз (15/317).

Бинобар ин, ҳамроҳи онон ҳангоми гузарондани маросимҳояшон тамошову гӯш карда нишастан, амали мункар буда, бар ин кор даст задан ҷоиз нест, зеро он ҷое, ки амали мункар сурат мегирад, онҷо нишастан ҷоиз нест ва агар қудрати тағйир доданро дошта бошаду тағйир надиҳад ва ё аз ин маҷлис дур шуда метавонаду, аз он дур нашавад, дар гуноҳ бо онҳо шарик хоҳад буд.

Чаҳорум:

Саволдиҳанда гуфтааст: "Пас чаро ҳамчун инсон шуури онҳоро риоя ва фикрашонро эҳтиром намекунем?"

Дар ҷавоб ба ӯ мегӯем: Оре, онҳо низ инсонанд, лекин сукут кардани мусулмон бар амали зишт ва иқрор намудани он аз рӯи эҳтиром ва муомилаи некӯ нест, балки бар ӯ лозим аст ин амалро инкор кунад ва ё аз ин макон дурӣ ҷӯяд. Сипас афкоре ки эҳтиром гузошта мешавад, он афкоре мебошад, ки ба иҷтиҳоду баррасӣ ҳиссае дорад.

Аммо ақидаҳои ботил, динҳои тағирдодашуда, суханони мункар ва амалҳои зишт, дар мизони Шариат ягон қимате надоранд ва амали пайравони онҳоро низ иқрор нахоҳад гашт.

Оё ба фикру андешаи шахсе, ки бар зоти Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу бадгӯӣ карда, Ӯро бо бадтарин сифатҳо, васф мекунад, эҳтиром гузорем?!

Оё ба фикру андешаи шахсе, ки Қуръон ва ҷойгоҳу мӯъҷизаҳои онро инкор мекунад, эҳтиром гузорем?

Оё ба фикру андешаи шахсе, ки гумон дорад, Аллоҳ зану фарзанд дорад, эҳтиром гузорем

Оё ба фикру андешаи пайравони ҳиндуияро, ки мегӯянд, дар ин олам якчанд худо вуҷуд дорад ва говро муқаддас шуморида, ҳайкали онро дар бутхонаҳо, хонаҳо ва майдонҳо гузоштаанд, эҳтиром гузорем ва эҳсосоти онҳоро ба инобат гирифта, говро забҳ накунем ва гӯшташро нахӯрем?!

Ё ба фикру андешаи шахсоне, ки ба ибодат ва бузургдошти шайтон даъват мекунанд, эҳтиром гузорем ва эҳсосоти онҳоро риоя намуда, шайтонро дашном надиҳем ва ӯро ба бадӣ ёд накунем?!

Фикру андешае, ки нисбат ба он эҳтиром гузошта мешавад, фикру андешаест, ки бо китоби Аллоҳ ва суннати паёмбараш (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бархурд накунад. Ҳаройина, мӯъмин бар Парвардигори хеш, расул ва китоби Ӯ ғайрат карда, ҳар вақто, ки амалҳои ҳаромро бинад, ғазабнок мешавад ва чашми ӯ дар он маконе, ки ӯ нишастааст, ба дидани ширкварзӣ қарор намегирад.

Бо вуҷуди ин, мусулмон бояд ҳамроҳи онҳо бо адлу эҳсон муомила кунад ва бо чашми шафқату раҳмат ба онҳо назар намояд ва дар ҳидоят ёфтани онҳо ба роҳи росту наҷотбахш, умед кунад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android