Истиқболи қибла (рӯй ба сӯи қибла кардан) ҳангоми тиловати Қуръон чӣ ҳукм дорад?
Истиқболи қибла ҳангоми тиловати Қуръон
Савол: 166061
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Рӯй ба сӯи қибла овардан ҳангоми қироати Қуръон мустаҳаб аст.
Дар китоби “Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия” (4/76) омадааст: “Фақеҳон баён кардаанд, ки самти қибла шарифтарин самт аст. Аз ин рӯ, мувозабат намудан ба он ҳангоми нишастан мустаҳаб аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Беҳтарин маҷолис он аст, ки рӯ ба қибла биншинанд». Муаллифи китоби “Ал-Фуруъ” гуфтааст: Дар тамоми тоъату ибодат рӯяшро ба самти қибла мекунад, магар ин ки далеле вуҷуд дошта бошад, ки аз истиқболи қибла манъ кунад. .”. Поёни сухан.
Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) санади ин ҳадисро дар китоби “Саҳиҳу-т-тарғиби ва-т-тарҳиб” (3/107) ҳасан донистааст.
Аз Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) пурсиданд: Оё истиқболи қибла ҳангоми тиловат воҷиб аст?
Чунин посух дод:
“Рӯй ба сӯи қибла овардан шоиста аст, зеро тиловати Қуръон ибодат аст. Дар ибодат рӯй ба самти қибла овардан мустаҳаб аст. Агар ин амал муяссар шавад, пас он аз ҷумлаи такилкунандаҳост. Вале агар ба самти қибла рӯй наоварад, ҳеҷ ишколе надорад”. Поёни сухан аз китоби “Ал-Мунтақо мин фатово”-и Ал-фавзон (2/35).
Сарчашма:
Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб