0 / 0

Ҳукми қабули зиёфати касе, ки моли ҳалолаш бо моли ҳаром омехта шудааст

Савол: 171922

Ман дӯсте дорам, ки мусулмон шудааст, вале ҳанӯз ба ислом пойбанд нест. Савол чунин аст, ӯ гоҳо барои ман таоми дар хонаашон омодашударо пешкаш мекунад, ки он ҳалол аст. Аммо ман аз он таом худдорӣ мекунам, зеро медонам, ки он моле ки харҷ мекунанд, моли ҳаром аст, чунки падари ӯ қиморбозӣ мекунад ва гӯшти хук мефурӯшад. Худи ӯ ҳам ин ҳақиқатро медонад. Назари шумо чист? Оё аз он таоме, ки ӯ ба ман пешкаш мекунад ва ё ягон чизеро, ки ӯ бароям мехарад, мисли шакалод – барои мисол – бихӯрам? Ӯ воқеан онро бо пуле мехарад, ки падараш ба ӯ додааст.

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Фақеҳон дар ҳукми муомила намудан бо касе, ки моли ҳалоли ӯ бо моли ҳаром омехта шудааст, дар харид, фурӯш, қабули тӯҳфа, хӯрдани таом ва монанди он, ба якчанд дидгоҳ ихтилоф кардаанд, ки қавитарини он, ду дидгоҳ мебошад:

Дидгоҳи аввал: Қабул кардани тӯҳфаи ӯ, муомила намудан бо ӯ ҳаром намебошад, балки макруҳ аст. Ин дидгоҳи боэътимоди мазҳаби шофеиёну ҳанбалиён аст ва аз моликиён Ибни Қосим ин дидгоҳро ихтиёр кардааст.

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Агар дар моли харидор ҳалолу ҳаром вуҷуд дошта бошад ва надонад, ки онро аз кадом пул адо менамояд, барои касе, ки чунин пул бар ӯ дода шудааст, ҳаром нест, вале тарк кардани он нишонаи парҳезгорист. Парҳез намудан (аз чунин пул) вобаста ба зиёду кам будани пули ҳаром дар дасти харидор таъкиднок ва ё камтаъкид мешавад". Поёни сухан аз китоби "Ал-Маҷмуъ" (9/344).

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Агар аз касе, ки дар молаш ҳалолу ҳаром вуҷуд дорад, ба монанди подшоҳи золим ва рибохӯр харид кунад, агар бидонад, ки он чизи фурӯхташуда аз моли ҳалоли ӯ аст, пас он ҳалол аст. Вале агар бидонад, ки он ҳаром аст, пас он ҳаром аст. Сухани харидор дар ҳукм бар ӯ қабул карда намешавад, зеро зоҳиран, он чизе, ки дар дасти инсон аст, моликияти ӯст. Агар надонад, ки он мол аз кадоми он ду аст, ба хотири эҳтимоли вуҷуд доштани ҳаром дар он, мо онро макруҳ донистем, аммо ба хотири вуҷуд доштани ҳалол, ҳаром хоҳ зиёд бошад ва хоҳ кам, савдо ботил намешавад. Ин худ шубҳа аст ва ба андозаи каму зиёд шудани ҳаром, шубҳа низ зиёду кам мешавад. Аҳмад гуфтааст: Ба ман писанд нест, ки аз ин гуна мол бихӯрад". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (4/201).

Ниг: "Ашшарҳу-л-кабир" (3/277).

Дидгоҳи дуввум: Назар ба қисми бештари мол мекунем. Агар қисми бештари мол ҳалол бошад, бо ӯ муомила кардан ҷоиз аст. Аммо агар қисми бештари мол ҳаром бошад, бо ӯ муомила кардан ҳалол нест. Ин мазҳаби ҳанафиёну моликиён аст.

Ибни Нуҷайм (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Агар қисми бештари моли тӯҳфа кардашуда ҳалол бошад, пас қабул кардани тӯҳфаи ӯ ва хӯрдани моли ӯ ҳеҷ боке надорад, модоме ки ҳаром будани он маълум набошад. Вале агар қисми бештари он ҳаром бошад, онро қабул намекунад ва аз он намехӯрад, ба ҷуз дар ҳолате, ки гӯяд: Ин ҳалол аст, онро мерос гирифтааст ва ё қарз гирифтааст". Поёни сухан аз китоби "Ал-Ашбоҳу ва-н-назоир" (саҳ/96).

Баъзе аз донишмандон бар ин назаранд, ки муомила бо шахсе ки молаш омехтаи ҳалолу ҳаром аст, ҳаром мебошад. Ин суханро аз моликиён Асбағ гуфтааст.

Вале Ибни Рушд гуфтааст: "Сухани Асбағ ташаддуд ва сахтгирӣ ҳисобида мешавад". Поёни сухан аз китоби "Ал-Баёну ва-т-таҳсил" (18/194).

Дидгоҳи саҳеҳтарин ин аст, ки муомила намудан бо ӯ ва қабул кардани тӯҳфаи ӯ ҷоиз аст.

Ин дидгоҳ ҳамон дидгоҳест, ки аксари донишмандони муосир онро саҳеҳтарин дидгоҳ донистаанд.

Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ) гуфтааст:

Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки ӯ дар ҷанги Хайбар аз зани яҳудӣ, ҳангоме ки гӯсфандеро тӯҳфа карда буд, қабул намуд. Ҳамчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) даъвати яҳудиеро, ки дар Мадина ӯро ба хӯрдани нони ҷавин ва равғани бадбӯй даъват карда буд, қабул намуд. Ӯ бо яҳудон дар хариду фурӯш муомила намуд, ҳатто ӯ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки вафот кард, зиреҳаш дар назди яҳудие, ки аз ӯ барои хонаводааш ҷав харида буд, дар гарав буд. Ин далолатгари он аст, ки муомила намудан бо касе, ки молаш бо ҳалолу ҳаром омехта аст, ҷоиз аст, зеро Аллоҳ таъоло яҳудонро чунин васф кардааст: «Онон зиёд ба дурӯғ гӯш меандозанд ва бисёр моли ҳаром мехӯранд». Поёни сухан аз "Фатово нурун ъала-д-дарб".

Ниг: Ҷавоби саволи рақами (39661 ).

Бинобар ин, ҳеҷ боке нест, ки тӯҳфаи дӯсти худро қабул намоед ва аз таоми ӯ бихӯред.

Магар дар ҳолате, ки худдорӣ намудани шумо аз он (яъне аз тӯҳфа ва таоми дусти худ) ба ӯ ва ба падараш таъсир расонад ва боиси тавбаи онон гардад, пас дар ин ҳолат, ба шумо воҷиб аст, ки аз он худдорӣ намоед.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android