Оё интиқол додани чизҳое, ки ба масҷид вақф шудааст, аз қабили ҷевон, дар сурате ки масҷидро танг кунад ва масҷид ба он ниёзе надошта бошад, ҷоиз аст?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, интиқол додани вақф ҷоиз аст, агар дар ин кор маслаҳати бештар бошад. Агар масҷид ба чизе ниёз надошта бошад, ба монанди қолин, ҷевон ва ғайра, агар имконият бошад, ҳамон чизро ба дигар масҷид интиқол медиҳем. Агар чунин имконият набошад, он чизҳоро мефурӯшем ва пулашро барои масҷид сарф мекунем.
Аммо агар он мебел аз ҷониби шӯъбаи авқоф таъмин карда шуда бошад, пас шӯъбаи авқоф худ бо он бархӯрд мекунад ва ҳар коре, ки маслаҳати бештар дошта бошад, ҳамонро анҷом медиҳад.