0 / 0

Хулосаи муҳим оиди рукнҳо ва шартҳои никоҳ ва шартҳои валӣ.

Савол: 2127

Рукнҳо ва шартҳои ақди никоҳ кадомҳоанд?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рукнҳои ақди никоҳ дар Ислом сеанд:

(Рукн дар назди олимон ба маънои фарз аст, яъне агар яке аз ин рукнҳо иҷро нашавад, никоҳ дуруст ҳисобида намешавад).

Аввал: Зану шавҳар аз айбҳои манъкунандаҳои никоҳ эмин бошанд, ба монанди маҳрам будан аз рӯи насаб (он касоне, ки мувофиқи таълимоти Ислом аз сабаби хешовандии наздик доштанашон бо ҳамдигар издивоҷ карда наметавонанд) ё маҳрам будан аз рӯи ширхорагӣ (он касоне, ки аз як модар шир хӯрдаанд, гарчанде, ки ин модар модари насабии онон набошад) ё ин ки мард кофир асту зан мусулмон (мувофиқи таълимоти Ислом марди кофир ба зани мусулмон издивоҷ карда наметавонанд) ва амсоли он. (Агар яке аз ин айбҳо дар никоҳ вуҷуд дошта бошад, никоҳ дуруст ҳисобида намешавад).

Дуввум: Гуфта шудани калимаи "супоридам", "додам" ва ғайра аз тарафи валӣ ё он касе, ки валиро ноибӣ мекунад, масалан ба шавҳаршаванда мегӯяд, ки "фалон духтар зани туст" ва ба монанди он.

Саввум:  Никоҳро қабул кардан. Ин суханест, ки аз ҷониби шавҳаршаванда ва ё касе, ки ӯро ноибӣ мекунад, содир мешавад, масалан мегӯяд, ки "қабул кардам" ва ба монанди он.

Аммо шартҳои дурустии никоҳ, инҳоанд:

(Шарт низ монанди рукн аст, яъне агар яке аз ин шартҳо иҷро нагардад, никоҳ дуруст ҳисобида намешавад, лeкин байни рукну шарт фарқи дақиқест. Шарт пеш аз шурӯъ кардани никоҳ бояд иҷро шуда бошад, аммо рукн бошад, баъди шурӯъ кардани он, иҷро шуданаш зарур аст).

Аввал: Муайян кардани зану шавҳар бо ишора ё бо номҳояшон ё сифатонашон.

Дуввум: Розигии зану шавҳар ба якдигар.

Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Зани бева (занест, ки як маротиба шавҳар карда ҷудо шудааст ва ё шавҳараш вафот кардааст) ба никоҳ дода намешавад, то он даме, ки бо ӯ машварат карда нашавад, (яъне бо ӯ машварат карда мешавад ва бояд сароҳатан фикри худро баён кунад). Ва духтари бокира ба никоҳ дода намешавад, то он даме, ки аз ӯ иҷозат пурсида нашавад, (яъне то он даме, ки бо воситаи сухан ё сукут розигии худро баён накунад). Гуфтанд: Эй Расулуллоҳ! Иҷозати духтари бокира чигуна аст? (Зеро ӯ шарм медорад). Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ин ки сукут кунад.   Ривояти Бухорӣ 4741.

Саввум: Бояд барои зан валияш ақд намояд, зеро Аллоҳ таъоло валиёнро дар Қуръон хитоб карда мегӯяд:

 وَأَنْكِحُوا الأيَامَى مِنْكُمْ    سورة النور: 32

"Занони беваро шавҳар диҳед".   (Сураи Нур:32).

Инчунин паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳар зане, ки бе иҷозати валияш издивоҷ кардааст, никоҳаш ботил аст, никоҳаш ботил аст, никоҳаш ботил аст".   Ривояти Тирмизӣ (1021) ва дигарон. Ин ҳадиси саҳеҳ мебошад.

Чаҳорум: Шоҳидӣ дар ақди никоҳ, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Никоҳ бе валӣ ва ду шоҳид дуруст намегардад".   Ривояти Табаронӣ ва инчунин дар  китоби Саҳиҳу-л-ҷомиъ (7558) зикр шудааст.

Илова аз ончи гузашт, эълону ошкор кардани никоҳ дар Шариат таъкид карда шудааст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Никоҳро эълон кунед".   Ривояти имом Аҳмад ва дар китоби Саҳиҳу-л-ҷомиъ (1072) ҳадиси ҳасан дониста шудааст.

Аммо шартҳои валӣ бошад, инҳоанд:

(Валӣ: Яъне тарбиякунанда, нигоҳубин кунанда, касе, ки масъули нигоҳу бин бошад. Валӣ дар никоҳ танҳо барои зан ё духтар зарур аст. Барои як зан якчанд валӣ вуҷуд дорад, ки тартиби онон дар поён зикр хоҳад шуд).

  1. Доштани ақл. (Яъне шахси девона валии касе шуда наметавонад).
  2. Болиғ будан.
  3. Озод будан. (Яъне барда ё ғулом валӣ шуда наметавонад).
  4. Якдинӣ. (Валии зан ва худи зан ҳарду дар як дин буданашон шарт аст). Кофир наметавонад ба мусалмон ва мусалмонзан валӣ шавад ва инчунин мусалмон низ ба кофир ва кофирзан валӣ шуда наметавонад. Аммо валӣ шудани як кофир ба кофири дигар гарчанде ки динашон гуногун ҳам бошад, ҷоиз аст. Муртад (касе, ки аз динаш баромадааст) ба касе валӣ шуда наметавонад.
  5. Одил будан, инҷо ба маънои фосиқ набудан аст, ин дар назди баъзе олимон шарт аст, аммо дар назди бархеи дигар адолати зоҳирӣ кофӣ аст. Бархеи дигар гуфтаанд, кифоя аст, ки валӣ шавҳари хубу муносибро ба зани дар зери масъулияташ буда, интихоб карда тавонад.
  6. Мард будан. (Яъне валӣ бояд мард бошад). Зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Зан зани дигарро ба издивоҷ дода наметавонад ва инчунин зан худро низ ба издивоҷ дода наметавонад, зеро занони зинокор худро ба издивоҷ  медиҳанд".   Ривояти Ибни Моҷа (1782) ва дар китоби Саҳиҳу-л-ҷомиъ (7298) низ зикр шудааст.  
  7. Рушд: Доштани маърифати кофӣ барои фаҳмидани тавоноии моливу ҷисмонии шавҳаршаванда ва инчунин  донистани фоидаҳову зарарҳои никоҳ. 

Валиён дар назди фуқаҳо (олимони фиқҳ) тартиби муайян доранд, мувофиқи он тартибот ҷоиз нест, ки як валӣ ҷои валии дигарро дар ҳолати ҳозир будан ва ё ба он валӣ мутобиқат кардани шартҳои дар боло зикршуда, ҷои валии авваларо гирад. Аз ин хотир, аввалин валӣ барои зан падараш аст, дуввум касест, ки падараш ба ҷои худ, валӣ шуданро ба ӯ васият кардааст, сипас падаркалонаш аз тарафи падараш ва инчунин падаркалонҳояш аз тарафи падар. Баъдан писараш (яъне писари он зан), сипас писарону наберагони писараш, ҳамингуна то ба поён. Баъди инон, бародари шақиқаш (яъне бародаре, ки падару модарашон як аст), сипас бародари падариаш, баъдан фарзандони бародарони шақиқаш ва фарзандони бародари падариаш. Сипас амаки шақиқаш, баъд амаки падариаш, сипас фарзандони ин амакҳо, баъди ҳамаи онҳо, хешовандони наздиктарини ин зан, аз рӯи насаб дар асаба, ба монанди мерос. Наздиктарини онон ба пеш гузошта мешавад. Дар охир, зене, ки ягон валиеро аз хешовандонаш дарёфт накард, подшоҳи мусалмонон (ё намояндаи подшоҳ, ба монанди қозӣ) валии ӯ хоҳад шуд.

   Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android