0 / 0

Ҳукми аз бидъаткор илм гирифтан

Савол: 223300

Оё гирифтани илм аз бидъаткор дар умуре, ки ба ибодат вобастагӣ доранд, дар ҳолате ки чунин илм дар назди аҳли суннат вуҷуд надошта бошад, ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:   

Дар дин бидъаткорӣ намудан, чӣ дар эътиқод бошад ва чӣ дар ибодат, яке аз хатарноктарин умур ба ҳисоб меравад, зеро ин амал ба аз байн рафтани суннат бурда мерасонад. Мардум вақте бидъатеро пайдо мекунанд, суннатеро, ки аз бидъат бегумон беҳтар аст, зоеъ менамоянд, зеро мақсаду хулосаи бидъаткорӣ чунин аст: "Роҳе вуҷуд дорад, ки ба розигии Аллоҳ мерасонад, ғайр аз он роҳе, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони ӯ (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) пеша гирифтаанд".

Аз ин лиҳоз, бодарназардошти хатаре, ки дар бидъаткор вуҷуд дорад, уламо ба ҳаҷр намудани ӯ (дурӣ ҷустан аз ӯ) амр кардаанд. Ин ҳаҷр (дурӣ ҷустан) ҳам ба фоидаи бидъаткор ва ҳам ба фоидаи ҷомеаи мусулмонӣ мебошад. Бидъаткор бо сабаби ҳаҷр (дурӣ ҷустани мардум аз ӯ) бидъати худро тарк карданаш мумкин аст ва ҷомеа бошад, то чӣ андоза хатар доштани ин бидъаткорро дониста, ба ӯ мағрур намешавад.

Аммо бояд огоҳ буд, ки ҳаҷр (дурӣ ҷустан аз бидъаткор) қоидаҳои худро дошта, ин корро ба тартиб медарорад ва худсарона иҷрои он мамнӯъ мебошад.

Барои маълумоти бештар ба фатвои рақами (22872 ) руҷӯъ бикунед. Инчунин қоидаҳои ҳаҷр (дурӣ ҷустан аз бидъаткор)-ро дар китоби "Ҳаҷру-л-мубтадиъ"-и Бакр Ибни Абузайд (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз назар гузаронед.

Дувум:

Омӯзиши умумии зоҳирӣ дар назди шахси бидъаткори машҳуре, ки бидъаташро ошкоро анҷом медиҳад, имкон дорад, ки ин амал ӯро барои давом додани бидъаташ кӯмак бикунад ва мардум бо ӯ мағрур гарданд.

Шотибӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

"Эҳтиром кардани бидъаткор, сарчашмаи ду фасод аст, ки ин ду фасод сабаби харобии Ислом мегардад:

1 – Таваҷҷӯҳ намудани нодонон ва оммаи мардум ба ин эҳтиром. Пас гумон мекунанд, ки ин бидъаткор афзалтарини мардум аст. Он коре, ки анҷом медиҳад, нисбат ба он коре, ки дигарон анҷом медиҳанд, афзалтар аст. Ин ба ҷое мерасонад, ки ба ҷои пайравӣ намудан аз суннатҳо, аз бидъати ӯ пайравӣ бикунанд.

2 – Агар ба хотири бидъаташ эҳтиром карда шавад, ҳамчун ташвиқ кардани бидъат ба ҳисоб меравад.

Ба ҳар ҳол, бидъатҳо зинда мегарданд ва суннатҳо мемиранд, ки ин харобии Ислом аст".   Поёни сухан аз китоби "Ал-Эътисом" (1/202).

Савум:

Илм гирифтан аз бидъаткор ё дар чизҳое мешавад, ки ба бидъаташ вобастагӣ дорад ва ё на?

Агар илме, ки аз ӯ мегиред, ба бидъати ӯ пайваст бошад ва нишонаҳои бидъат дар он зоҳир бошад, пас дар ин ҳолат, шакке нест, ки аз ӯ илм гирифтан манъ аст, зеро илм гирифтан аз ӯ ду мафсада дорад:

1- Мафсадаи омезиш бо бидъаткор ва эҳтиром намудани ӯ.

2- Мафсадаи қарор додани нафс дар шубҳаҳо ва таълим гирифтани илме, ки ҳаққу ботил дар он омехта шудааст.

Гоҳо аз ин, шахсонони зерин истисно карда мешаванд: Шахсе қудрати ҷудо намудани ин бидъатро дошта бошад ва бо ағлаби гумон аз таъсири он чизе, ки аз ӯ мегирад, солим бимонад ва танҳо он чизеро, ки барои омӯзиш эҳтиёҷ дорад, омӯзад ва ғайра, умед мекунем, ки чунин чизҳоро аз онҳо гирифтан боке надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки агар бидъаташ зишт набошад, ба ҳар ҳол, аз рӯи эҳтиёт тарк намудани он беҳтар аст.

Аммо илме, ки аз ӯ мегиред, аз илмҳое бошад, ки дар он бидъаташ дохил нашавад, ба монанди илми наҳв, луғат, таҷвиди Қуръони карим, аксари бобҳои фиқҳ ва ҳоказо, пас дар ин ҳолат "мафсадаи омехта шудан бо бидъаткор" бо "манфиати илми фоиданок" зидди ҳам қарор мегиранд. Дар ин ҳолат, байни ин ду чиз баҳогузорӣ мекунем ва назар мекунем, ки зиёни кадомаш камтар аст, таълим гирифтан аз ӯ ё тарк намудани он?

Пас агар ба илми ӯ эҳтиёҷи сахт дошта бошад ва ғайр аз ӯ шахси дигаре набошад ва аз фитнаи ӯ эмин бимонад, дар ин ҳолат ҷоиз аст, ки аз ӯ илм бигирад.

Аммо агар ба он илме, ки таълим мегирад, эҳтиёҷи сахт надошта бошад ва ё ба ғайр аз ин бидъаткор, шахси дигаре вуҷуд дошта бошад, ки метованад аз ӯ таълим бигирад ва ё фитнаи бидъаташ аз фавт шудани илмаш бузургтар бошад, пас дар ин ҳолат, аз ин бидъаткор илм гирифтан мамнӯъ аст.

Шайху-л-ислом Ибни Таймия (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ҳар гоҳ дар ҳаҷр (дурӣ ҷустан аз бидъаткор) касе боз наистад ва касе даст накашад, балки бисёре аз амалҳои некӯ аз даст биравад, ҳаҷр (дурӣ ҷустан аз бидъаткор) хуб нест. Чигунае, ки Аҳмад нисбати аҳли Хуросон, он замон гуфта буд: Онҳо бар зидди фирқаи ҷаҳмия қувват надоштанд. (Яъне наметавонистанд, ки душманиашонро нисбати ҷаҳмия зоҳир кунанд).

Пас агар аз зоҳир намудани душманӣ бар зидди онон оҷиз монданд, зоҳир намудани душманӣ аз онҳо соқит мешавад. Изҳори меҳрубонӣ бо онҳо, ба хотири дур намудани зарар аз мӯъмини заъиф буда, шояд ин, ки дар он, дустӣ намудан бо бадкори пурқувват низ бошад.

Ҳамчунин, ҳар вақте ки дар Басра сухан дар бораи тақдир зиёд шуд, (яъне бидъати инкор намудани тақдир), пас агар ривоят намудани ҳадис аз онҳо тарк карда мешуд, илм, суннатҳо ва осори дар назди онҳо ҳифзшударо таълим намегирифтем.

Ҳар гоҳ барпо намудани фарзу воҷибҳо, аз қабили илму ҷиҳод ва ғайра номумкин бошад, магар бо шахсе, ки зарари бидъати ӯ аз зарари тарки воҷиб камтар бошад, ба даст овардани фоидаи воҷиб бо ҳамроҳии зарари камтар беҳтар аз акси он аст.

Аз ин рӯ, сухан дар ин масъалаҳо, тафсилот дорад". Поёни сухан.

"Маҷмӯъу-л-фатово" (28/212).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android