Ман дар Туркия таҳсил мекунам. Ман корти нақлиётӣ дорам. Корти ман аз корти маъмулие ки баъзе аз мардумон истифода мебаранд, арзонтар аст. Ин корт махсус барои донишҷӯён мебошад. Ғайр аз соҳибаш барои дигарон истифода бурдани он манъ аст. Ман имсол аз сабаби кор, ба донишгоҳ барои таҳсил намеравам. Шахсе бо ҳамроҳи ман кор мекунад ва ӯ ба корти ман ниёз дорад. Оё ман метавонам кортамро ба ӯ бидиҳам? Оё ин фиреб нест?
0 / 0
1,50805/09/2022
Ҳукми истифодаи корманд аз корти нақлиётии тахфифдори донишҷӯён
Савол: 225206
Матни ҷавоб
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Модоме, ки ин корт танҳо ба донишҷӯён дода мешавад ва ғайр аз соҳибаш барои дигарон истифода бурдани он манъ аст, пас дар ин ҳолат, барои шумо ҷоиз нест, ки онро ба каси дигаре бидиҳед, зеро ин кор, хӯрдани мол бо роҳи ботил буда, шумо бо ин роҳ он кормандро ба гирифтани чизе, ки ба он ҳақ надорад, кӯмак мекунед.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб