0 / 0
1,81101/05/2021

Оё барои имом тафсир намудани оятҳое, ки дар намози таровеҳ мехонад, машрӯъ аст?

Савол: 250931

Яке аз ҷамоатҳои мо намози таровеҳро анҷом медиҳанд. Пас аз адои намози хуфтан, онҳо ояҳоеро, ки дар чаҳор ракъати аввал хонда мешавад, ба таври мухтасар тафсир мекунанд. Сипас чаҳор ракъат намоз мехонанд. Сипас баъд аз он, ояҳоеро, ки дар чаҳор ракъати дуввум хонда мешавад, тафсир мекунанд. Ба ҳамин тартиб (намози таровеҳро ба охир мерасонанд). Ин амал ба хотири фаҳмонидани Қуръон барои шунавандагон ва наздик кардани маънои он ба онҳо мебошад. Шумо оиди ин амалашон, чӣ фикр доред? Оё ин амалашон хуб аст, ё бидъат (ва нав пайдошуда) дар шариати мо аст?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин саволро ба шайхамон Абдураҳмон Ал-Баррок (Аллоҳ таъоло ӯро ҳифз кунад) пешниҳод кардам, дар ҷавоб гуфт:

"Агар бо ризояти муқтадиёну намозгузорон бошад, ҳеҷ боке надорад, то ин ки бар онҳо вазнинӣ накунад".

Поёни сухан.

Ба ҷавоби саволи рақами (38025) руҷӯъ карда шавад.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android