Оё закоти фитр аз номи тифле, ки ҳанӯз дар батни модар аст, пардохта мешавад ё не?
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Пардохти закоти фитр аз номи ҷанин мустаҳаб аст, зеро Усмон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ин корро анҷом медод. Аммо ин амал воҷиб нест, зеро далел дар ин бора вуҷуд надорад.
Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.