Оё барои ҷавондухтар ҷоиз аст, ки бо тағои падараш издивоҷ бикунад?
Издивоҷи зан бо тағои падараш
Савол: 32455
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои ҷавондухтар ҷоиз нест, ки бо тағои падараш издивоҷ бикунад, зеро тағои падараш тағои ӯ низ мебошад ва ӯ аз ҷумлаи маҳрамҳои ӯ ба шумор меравад. Аллоҳ таъоло фармудааст:
حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ وَبَنَاتُكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ وَعَمَّاتُكُمْ وَخَالاتُكُمْ وَبَنَاتُ الأَخِ وَبَنَاتُ الأُخْتِ (سورة النساء: ٢٣).
«Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародаронатон ва духтарони хоҳаронатон бар шумо ҳаром шудаанд». (Сураи Нисо: 23).
Донишмандон (раҳмати Аллоҳ бар онон бод) ба таври возеҳ баён намудаанд, ки амаки падар амаки фарзанд ҳисобида мешавад ва ҳамчунин тағои падар тағои фарзанд ба ҳисоб меравад.
Аллоҳ донотар аст.
Ниг: "Ал-Муқниъу ва-л-инсофу ва-ш-шарҳу-л-кабир" (таҳқиқи Доктор Ат-Туркӣ) (20/277).
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб