0 / 0

Ҳукми забҳи ҳадй дар ғайри Макка

Савол: 33795

Баъзе ҳоҷиён маблағеро ба баъзе ташкилотҳои хайриявӣ медиҳанд, ки забҳи ҳадй ва тақсими онро дар шарқу ғарби замин ба ӯҳдаи худ мегиранд. Аллоҳ ба шумо савоб бидиҳад, ҳукми ин амал чист?

(Ҳадй: Гӯсфанд ё гов ё шутуре, ки ҳоҷиён дар Макка қурбонӣ менамоянд).

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин савол ба Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пешниҳод карда шуд, дар ҷавоб гуфт:

"Ин амал хато ва мухолифи шариати Аллоҳ ва фиреб намудани бандагони Аллоҳ аст, зеро макони забҳи ҳадй Макка мебошад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадйи худро танҳо дар Макка забҳ мекард ва дар Мадина ва ё дар дигар кишварҳои исломӣ забҳ намекард. Донишмандон инро равшан баён намуда, гуфтаанд: Забҳи ҳадйи тамматтӯъ, қирон ва ҳадйи воҷиб – барои тарк кардани воҷиб, воҷиб мегардад – бояд дар Макка забҳ карда шавад. Аллоҳ онро дар ҷазои шикор зикр намудааст.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 یَحْکُمُ بِهِ ذَوَا عَدْلٍ مِّنکُمْ هَدْیًا بَالِغَ الْکَعْبَةِ

  مائدة: ٩٥.

Ду нафари одил аз шумо ба он ҳукм кунанд ва ҳадйро (қурбониро ба камбағалони) Каъба бирасонад.   (Сураи Моида: 95).

Пас ҳар ончи ки дар шариат ба маконҳои муайяне муқайяду пойбанд шуда бошад, ҷоиз нест, ки он ба ҷои дигаре интиқол дода шавад, балки воҷиб аст дар ҳамон ҷой бошад. Аз ин хотир воҷиб аст, ки ҳадйҳо дар Макка забҳ карда шаванд ва дар Макка тақсим карда шаванд. Агар фарз кардем ҳеҷ касе дар Макка ёфта нашавад, ки онро қабул кунад, ки албатта ин гуна фарзу гумон, шояд номумкин бошад. Дар ин ҳолат ҳеҷ боке нест, ки дар Макка забҳ шаваду, гӯшти он ба дигар кишварҳои исломӣ, ба касоне, ки ба он мӯҳтоҷанд, фиристода шавад. Аввалан ба наздиктарин минтақаҳо, ё ба мӯҳтоҷтарин шахсон, шурӯъ шавад".

Сарчашма

КИТОБИ ДАЛИЛУ-Л-АХТОИ-Л-ЛАТӢ ЯҚАЪУ ФИҲА-Л-ҲОҶҶУ ВА-Л-МУЪТАМИР

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android