Ман сарвари оилае мебошам, ки аз ду фарзанду ҳамсар иборат аст. Маошам ба эҳтиёҷоти зиндагӣ базӯр мерасад ва дигар даромад надорам. Ман 4 сол дар яке аз кишварҳои Халиҷӣ кор кардам ва (дар ин муддат) як миқдор пуле ҷамъ кардам ва он пулро дар яке аз бонкҳои исломӣ гузоштам, то аз он даромаде ба даст оварам ва (он даромад) барои баровардани мушкилоти мухталифи зиндагӣ кӯмак кунад. Маошам ва ин даромади бонк барои ману оилаам ба андозаи миёна кофӣ аст. Оё ман вазифадор ҳастам, ки хароҷоти ҳаҷро аз он пул (яъне аз он пуле, ки дар бонк гузоштаам) бигирам? Ва оё ман дар ин шароит бояд ба ҳаҷ биравам?
Бояд қайд кард, ки агар ман аз суратҳисоби бонкиам барои хароҷоти ҳаҷ пул бигирам, ин ба даромади моҳонаи ман таъсир мерасонад ва ба мушкилоти моддӣ мувоҷеҳ мешавам. Эй Шайхи бузургвор! Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?