0 / 0
1,97104/07/2022

Дар мавриди амалҳое, ки бояд қурбоникунанда аз онҳо парҳез намояд

Савол: 36567

Оё барои касе, ки нияти қурбонӣ дорад, ҷоиз аст, ки мӯй ва нохунҳояшро кӯтоҳ бикунад?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ҳар гоҳ касе нияти қурбонӣ дошта бошад ва моҳи Зулҳиҷҷа бо дидани ҳилол ва ё бо пурра шудани моҳи Зулқаъда сӣ руз дохил шавад, дар ин ҳолат, ба ӯ то он даме, ки қурбонии худро забҳ нанамояд, ҳаром аст, ки аз мӯй, нохунҳо ва ё пӯсти худ чизеро бигирад, зеро Умми Салама (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар гоҳ ҳилоли Зулҳиҷҷаро дидед ва касе аз шумо бихоҳад, » дар лафзе: «Ҳар гоҳ даҳаи аввали Зулҳиҷҷа фаро расад ва касе аз шумо хост қурбонӣ кунад, пас аз гирифтани мӯй ва нохунҳояш худдорӣ намояд». Ривояти Аҳмад ва Муслим. Дар лафзи дигаре омадааст: «Пас то он даме, ки қурбонӣ накунад, набояд аз мӯй, нохунҳояш чизеро бигирад». Ва дар лафзи дигаре омадааст: «Пас ба мӯй ва пӯсти баданаш нарасад».

Агар дар миёнаҳои даҳа (яъне баъди даромадани даҳаи аввали Зулҳиҷҷа) нияти қурбонӣ кунад, дар ин ҳолат, аз ҳамон рӯзи нияташ аз он (кӯтоҳ кардани мӯй ва нохунҳо) худдорӣ мекунад ва агар дар рӯзҳои қаблӣ пеш аз ният (мӯй ва ё нохунро) кӯтоҳ карда бошад, ҳеҷ боке нест.

Ҳикмат аз ин наҳй ин аст, ки ҳангоме ки қурбоникунанда бо ҳоҷӣ дар баъзе амалҳои маносики ҳаҷ, ки он тақарруб ба Аллоҳ таъоло бо забҳи қурбонӣ аст, ширкат меварзад, ҳамчунин дар баъзе хусусиятҳои эҳром, аз қабили худдорӣ аз кӯтоҳ кардани мӯй ва ғайра ширкат меварзад.

Ин ҳукм махсус барои қурбоникунанда аст, аммо касе, ки аз номи ӯ қурбонӣ карда мешавад, ин ҳукм ба ӯ тааллуқ надорад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ва касе аз шумо хост қурбонӣ кунад». Ӯ нагуфт, ки аз номи ӯ қурбонӣ карда шавад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз номи аҳли хонаводааш қурбонӣ мекард, дар ягон ривояте собит нашудааст, ки ӯ хонаводаашро аз худдорӣ намудан аз он (яъне гирифтани мӯй ва нохунҳо) амр карда бошад.

Бинобар ин, барои аҳлу оилаи қурбоникунанда ҷоиз аст, ки дар рӯзҳои даҳаи Зулҳиҷҷа мӯй, нохун ва аз пӯсти баданашон чизеро бигиранд.

Агар шахси қурбоникунанда мӯй, нохун ва ё аз пӯсти баданаш чизеро бигирад, пас бояд тавба кунад, ин корро дубора такрор нанамояд ва бар ӯ ягон каффорате воҷиб нест. Ва ин чиз ӯро аз қурбонӣ бознамедорад, чуноне ки баъзе аз авом мепиндоранд.

Аммо агар аз рӯи фаромӯшӣ ё надонӣ чизе (нохун ва мӯй)-ро бигирад ва ё мӯй беқасд бирезад, ҳеҷ гуноҳе надорад. Ва агар барои гирифтани яке аз ин чизҳо ҳоҷат ё зарурате пайдо шуд, ба монанди гарифтани нохуни шикастае, ки ӯро азият медиҳад ва ё гирифтани муйҳои дарозе, ки ба чашмон халал мерасонад ва ё аз сабаби ҷароҳат барои гирифтани муйҳо зарурат пайдо шавад, дар ин гуна ҳолатҳо гирифтани он ҳеҷ боке надорад".

Сарчашма

"Фатово исломия" 2/316

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android