загрузка
0 / 0

Оё ӯ бояд ба Мадина ҳиҷрат намояд, чуноне ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина ҳиҷрат кард?

Савол: 36638

Ҳиҷрат ба кишвари Исломӣ суннат аст. Оё аз Бритониё ба Мадинаи Набавияи Арабистони Саудӣ кӯчидан ҷоиз аст, ҳамчуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба онҷо кучида буд?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳиҷрат аз сарзамини куфр ба сарзамини Ислом барои касе, ки ба зоҳир намудани дини худ қодир нест, воҷиб мебошад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمْ الْمَلائِكَةُ ظَالِمِي أَنفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنتُمْ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الأَرْضِ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا فَأُوْلَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءَتْ مَصِيرًا

سورة النساء: ٩٧

«Ҳамоно касоне, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки (ба сабаби ҳиҷрат накардан) ба худ ситам кардаанд, (фариштагон ба онҳо) мегӯянд: "Дар чӣ ҳол будед?" Меӯянд: "Мо дар рӯи замин мардуми бечора будем". Фариштагон мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ васеъ набуд, ки дар он ҳиҷрат мекардед?" Ҷойгоҳашон дӯзах аст ва чӣ бад ҷойгоҳест».   (Сураи Нисо: 97).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ман аз ҳар мусулмоне, ки дар миёни мушрикон зиндагӣ мекунад, безорам».   Ривояти Абудовуд (2645). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ донистааст.

Аммо агар дини худро зоҳир карда тавонад, дар ин ҳолат, ҳиҷрат ба ӯ воҷиб нест.

Агар бубинад, ки боқӣ мондани ӯ дар кишвараш барои даъват ба сӯи Аллоҳ ва роҳнамоии мардум судмандтар аст ва бар динаш хатаре набошад, пас дар ин ҳолат, истиқомат намудани ӯ дар онҷо аз ҳиҷрат кардан беҳтар аст.

Шарт нест, ки ҳиҷрат бояд ба Мадина бошад, балки ба ҳар кишвари исломиест, ки мусулмон шиорҳои дини Исломро дар онҷо барпо карда тавонад ва бар динаш ягон хатаре набошад.

Барои фоидаи бештар ба саволи рақами (7191 ) нигаред.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android
at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android