Барнома кардан
0 / 0
190618/10/2007

Оё барои эътикофнишин баромадан аз масҷид ҷоиз аст?

Савол: 37951

Ман мехоҳам, ки тарзи дар даҳаи охири Рамазон дар масҷид эътикоф нишастанро бидонам. Бояд қайд кард, ки ман кор мекунам ва кори ман дар соати дуи нимаи рӯз ба поён мерасад. Оё ман бояд доимо дар масҷид бимонам?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Баромадани эътикофнишин аз масҷид эътикофро ботил месозад, зеро эътикоф, нишастан дар масҷид ба хотири тоати Аллоҳ таъоло мебошад.

Аммо дар ҳолатҳои зарурӣ, барои корҳое, ки ҳатмиянд ва дар масҷид иҷро карда намешаванд, баромадан мумкин аст, ба монанди қазои ҳоҷат, вузӯ, ғусл, овардани хӯрок дар ҳолати вуҷуд надоштани касе барои овардани хӯрок ба масҷид ва ғайра.

Бухорӣ (2092) ва Муслим (297) аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме, ки дар эътикоф буд, вориди хона намешуд, магар ба хотири ҳоҷати инсонӣ.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Муғнӣ" (4/466) гуфтааст:

Мурод аз ҳоҷати инсонӣ, пешобу ғоит аст, бинобар ин, он дуро ҳоҷат номид, зеро ҳар як инсон ба анҷом додани ин ду чиз ниёз дорад. Инчунин ба маънои ҳоҷатмандӣ ба хӯрданиву нӯшиданӣ низ меояд. Агар ӯ касеро надошта бошад, ки ба ӯ хӯрок ва нӯшокӣ биёрад, пас агар ба он ниёз бошад, метавонад барои гирифтани онҳо биравад. Ҳар як чизе, ки зарур аст ва дар масҷид иҷро карда намешавад, баромадан барои он мумкин аст ва эътикофро фосид намесозад, ба шарте, ки муддати дар берун қарор гирифтан дароз набошад. Поёни сухан.

Аммо баромадани эътикофнишин барои кору фаъолияти худ бар эътикоф мухолифат мекунад.

Аз кумитаи доимии фатво пурсиданд:

Оё барои эътикофнишин зиёрати бемор ё пазируфтани даъват барои меҳмонӣ ё баровардани ҳоҷати хонавода ё иштирок дар ҷаноза ё рафтан ба кору фаъолият ҷоиз аст?

Дар ҷавоб гуфтанд:

Суннат ин аст, ки эътикофнишин набояд ҳангоми эътикоф бемореро зиёрат намояд, ё даъватеро бипазирад, ё ҳоҷатҳои хонаводаашро барорад, ё ба ҷаноза иштирок кунад ва ё ба беруни масҷид, ба кору фаъолияти худ биравад. Зеро аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: "Бар эътикофнишин суннат аст, ки бемореро зиёрат накунад, ба ҷанозае иштирок наварзад, ба ҳамсараш даст назанад ва бо ӯ ҳамбистарӣ накунад ва барои баровардани ниёзе набарояд, магар дар ҳоли зарурӣ".   Ривояти Абӯдовуд (2473). Поёни сухан.

"Фатовои кумитаи доимӣ" (10/410).

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android