Оё дуруст аст, ки бадӣ дар Рамазон дучанд мешавад, чуноне ки некӣ дучанд мешавад? Оё далеле бар он омадааст?
Оё бадӣ ва некӣ дар Рамазон дучанд мешаванд?
Савол: 38213
Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, некӣ ва бадӣ дар замону макони бофазилат дучанд мешаванд. Вале байни дучанд шудани некӣ ва бадӣ фарқе вуҷуд дорад. Некӣ ҳам дар адад ва ҳам дар сифат дучанд мешавад. Некӣ дар адад дучанд мешавад, як некӣ даҳ баробар ё зиёда аз он мегардад. Аммо аз ҷиҳати сифат бошад, савоби он бузург ва бисёр мешавад. Бадӣ бошад, дучанд шудани он танҳо дар сифат мебошад, яъне гуноҳи он бузургтар ва ҷазои он шадидтар мегардад. Вале аз ҷиҳати адад як бадӣ, як бадӣ боқӣ мемонад ва ҳеҷ гоҳ аз он зиёд намешавад.
Дар "Матолибу ули-н-нуҳо" (2/385) омадааст:
"Некӣ ва бадӣ дар макони бофазилат, ба монанди Макка, Мадина, Байту-л-мақдис ва дар масҷидҳо дучанд мешаванд. Инчунин дар замони бофазилат, ба монанди рӯзи ҷумъа, моҳҳои ҳаром ва Рамазон дучанд мегарданд. Оиди дучанд шудани некӣ ҳеҷ ихтилофе нест. Аммо дар мавриди дучанд шудани бадӣ, гурӯҳе аз донишмандон ба Ибни Аббос ва Ибни Масъуд пайравӣ намуда, гуфтаанд, ки бадӣ низ дучанд мешавад . . . Баъзе аз муҳақиққон гуфтаанд: Сухани Ибни Аббос ва Ибни Масъуд (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) оиди дучанд шудани бадиҳо, ин дучанд шудани сифати он аст, на адади он. Поёни сухан.
Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд: "Оё мусулмон бо сабаби рӯза каффораи гуноҳҳои сағира ва кабираро ба даст меорад? Оё гуноҳи амали бад дар Рамазон дучанд мешавад?"
Дар ҷавоб гуфт: "Барои мусаумон дар Рамазон ва ғайри Рамазон машрӯъ аст, ки бо нафси худ, ки ба корҳои бад амр мекунад, мубориза барад, то нафси ӯ нафси ором, амркунанда ба амалҳои нек ва дӯстдори он гардад. Бар ӯ воҷиб аст, ки бо душмани Аллоҳ, Иблис мубориза барад, то аз бадиву васвасаҳояш эмин монад. Мусулмон дар ин дунё дар муборизаи бузурги доимӣ бо нафс, ҳавову ҳавас ва шайтон қарор дорад. Бар ӯ зарур аст, ки ҳама вақт тавбаву истиғфори зиёд намояд. Вале вақтҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Моҳи Рамазон беҳтарин моҳи сол аст. Он моҳи раҳмату мағфират ва наҷот аз дӯзах аст. Ҳар гоҳ моҳ бофазилат бошад ва инчунин макон ҳам бофазилат бошад, некиҳо дар он дучанд мешаванд ва гуноҳи бадиҳо дар он бузургтар мешавад. Гуноҳи бадиҳо дар Рамазон аз гуноҳи бадии моҳҳои дигар бузургтар аст, чуноне ки савоби тоатҳо дар Рамазон назди Аллоҳ аз савоби тоатҳои моҳҳои дигар бузургтар аст. Чун Рамазон дорои чунин мақоми баланд аст, тоатҳо дар ин моҳ фазилати бузург доранд ва савобҳо якчанд маротиба зиёд мешаванд. Ҳамчунин гуноҳи бадиҳо нисбат ба дигар вақт бузургтар ва шадидтар аст. Бар мусаумон воҷиб аст, ки ин моҳи муборакро бо анҷом додани корҳои накӯ ва шоиста ғанимат бигирад ва аз бадиҳо дур бошад, шояд ки Аллоҳ таъоло аз ӯ бипазирад ва ӯро бар ҳақиқат устувор намояд. Вале бадӣ ҳамеша ба як бадӣ баробар аст ва адади он дар Рамазон ва дар дигар моҳҳо низ дучанд намешавад. Аммо савоби некӣ бо даҳ баробар ва бештар аз он дучанд мешавад, зеро Аллоҳ таъоло дар сураи Анъом фармудааст:
مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا وَمَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلا يُجْزَى إِلا مِثْلَهَا وَهُمْ لا يُظْلَمُونَ الأنعام / 160
«Ҳар кас кори неке анҷом бидиҳад, пас даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кас кори баде анҷом бидиҳад, танҳо монанди он ҷазо бинад ва ба онон ситаме нахоҳад шуд». (Сураи Анъом: 160).
Оятҳо дар ин маъно зиёданд.
Инчунин некиҳо дар макони бофазилат, ба монанди ду ҳарам (Маккаву Мадина) ҳам дар адад ва ҳам дар сифат якчанд баробар зиёд мешаванд. Аммо бадиҳо бошанд, аз ҷиҳати адад дучанд намешаванд, вале аз ҷиҳати сифат вобаста ба замону макони бофазилат дучанд мешаванд, чуноне ки қаблан ишора карда шуд. Аллоҳ соҳиби тавфиқ аст.
Поёни сухан аз китоби "Маҷмӯу фатово ва мақолотун мутанаввиа" (15/446).
Шайх Ибни Усаймин дар "Аш-шарҳу-л-мумтиъ" (7/262) гуфтааст:
Некию бадӣ вобаста ба макону замони бофазилат дучанд мешаванд.
Некӣ ҳам дар адад ва ҳам дар сифат дучанд мешавад. Аммо бадӣ бошад, дар сифат дучанд мешавад, на дар адад, зеро Аллоҳ таъоло дар сураи Анъом, ки он дар Макка нозил шудааст, мефармояд:
مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا وَمَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلا يُجْزَى إِلا مِثْلَهَا وَهُمْ لا يُظْلَمُونَ الأنعام / 160
«Ҳар кас кори неке анҷом бидиҳад, пас даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кас кори баде анҷом бидиҳад, танҳо монанди он ҷазо бинад ва ба онон ситаме нахоҳад шуд». (Сураи Анъом: 160).
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَمَنْ يُرِدْ فِيهِ بِإِلْحَادٍ بِظُلْمٍ نُذِقْهُ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ الحج/25 .
«Ва ҳар ки дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, аз азоби дардовар ба ӯ мечашонем». (Сураи Ҳаҷ: 25).
Аллоҳ нагуфтааст, ки гуноҳашро дучанд мегардонем, балки гуфтааст: «аз азоби дардовар ба ӯ мечашонем». Аз ин рӯ, дучанд шавии бадӣ дар Макка ё дар Мадина дучанд шавӣ дар сифат мебошад. Ба ин маъно аст, ки дарду алами он сахттар мебошад, зеро Аллоҳ фармудааст:
وَمَنْ يُرِدْ فِيهِ بِإِلْحَادٍ بِظُلْمٍ نُذِقْهُ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ الحج/25 .
«Ва ҳар ки дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, аз азоби дардовар ба ӯ мечашонем». (Сураи Ҳаҷ: 25).
Поёни сухан.
Аллоҳ донотар аст.
Сарчашма:
Ислом савол ва ҷавоб