Барнома кардан
0 / 0

Рӯза гирифтани рӯзи дуввуми Шаввол ҷоиз аст

Савол: 38355

Оё рӯзаи қазоӣ дар дуввум ё саввум рӯзи ид ҷоиз аст?

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Иди Фитр фақат як рӯз аст. Он рӯзи аввали Шаввол мебошад. Аммо ончи дар назди мардум машҳур аст, ки иди Фитр се рӯз мебошад, ин танҳо урфест, ки дар байни мардум шӯҳрат ёфтааст ва бар он ягон ҳукми шаръие тартиб намеёбад.

Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

Боби рӯзаи рӯзи иди Фитр.

Cипас ҳадисеро дар зери шумораи (1992) аз Абусаид (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки мефармояд: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз рӯзаи рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон манъ кардааст.

Аз ин хотир, иди Фитр фақат як рӯз аст ва рӯза гирифтани он рӯз ҳаром мебошад. Аммо рӯзаи дуввум ё саввум рӯзи Шаввол ҳаром намебошад. Дар он ду рӯз (яъне рӯзи дуввум ва саввуми Шаввол) рӯзаи қазои Рамазон ё рӯзаи нофила ҷоиз мебошад.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android