0 / 0
1,22228/08/2023

Китобҳое, ки барои мусулмонзан тавсия мешаванд

Савол: 444048

Кадом китобҳоро ба занон тавсия медиҳед?

Матни ҷавоб

Хурмат ба Аллоҳ ва солиҳуно ба росули Аллоҳ ва хандонаш.

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Барои талаби илм саъю кӯшиш намуданатонро ситоиш мекунем, зеро талаби илм яке аз бузургтарин амалҳост. Аллоҳ таъоло паёмбарашро ба бисёр талаб намудани чизе амр накардааст, ба ҷуз илм. Аллоҳ таъоло паёмбарашро амр намуда, мегӯяд:

وَقُلْ رَبِّ زِدْنِي عِلْماً

سورة طـه: ١١٤

«Ва (эй паёмбар) бигӯ: Эй Парвардигорам! Ба илму донишам бияфзой».   (Сураи Тоҳо: 114).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар касе дар роҳе биравад, ки дар он талаби илм кунад, Аллоҳ барояш роҳеро ба сӯи биҳишт осон мекунад. Ҳамоно фариштагон болҳои худро барои толибилм ба хотири ризояте, ки аз кораш доранд, мегузоранд. Тамоми касоне, ки дар осмонҳову заминанд ва ҳатто моҳиҳо дар даруни об барои олим омурзиш металабанд. Бартарии олим нисбат ба обид ба монанди бартарии моҳи шаби чаҳордаҳ ба дигар ситораҳост. Олимон ворисони паёмбаронанд. Паёмбарон динору дирҳамеро аз худ ирс нагузоштанд, танҳо чизе, ки аз худ ба ирс гузоштаанд, ин илм аст. Пас касе, ки онро ба даст оварад, баҳраи фаровоне бурдааст».   Тирмизӣ (2682) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ онро саҳеҳ донистааст.

Шайх Албонӣ гуфтааст: "Саҳеҳ аст". Далелҳо бар фазилати илм беш аз он аст, ки шуморида шавад.

Барои фаҳмо шудани баъзе аз онҳо метавонед ба саволҳои зерин руҷӯъ кунед: (10471) ва (20191).

Дуввум:

Дар мавриди китобҳое, ки мо тавсия медиҳем, онҳо ба ду бахш тақсим мешаванд:

* Бахши аввал: Китобҳоест, ки ба ҳамаи мусулмонон тавсия мекунем. Он китобҳо фарҳанги шаръии комилеро ба вуҷуд меоваранд, аз ҷумла:

(1). "Минҳоҷу-л-муслим"-и Шайх Абубакр Ҷазоирӣ.

(2). "Тафсири Шайх Абдурраҳмони Саъдӣ", Тайсиру-л-карими-р-раҳмон.
(3). "Шарҳу-л-арбаъина-н-нававия"-и Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин.
(4). "Ал-Иршоду ило саҳиҳи-л-иътиқод"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон.
(5). "Фиқҳу-л-ъибодот", таҳияи сомонаи Аддурару-с-санийя.
(6). "Фатово аркони-л-ислом"-и Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин.
(7). "Аъмолу-л-қулуб"-и Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид.
(8). "Муфсидоту-л-қулуб"-и Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид.
(9). "Арраҳиқу-л-махтум"-и Сафию-р-раҳмон Ал-Муборакфурӣ дар зиндагиномаи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод).
(10). "Суварун мин ҳаёти-с-саҳоба"-и Адурраҳмон Раъфат Ал-Бошо.
(11). "Зоду-л-ъибод", таҳияи сомонаи Аддурару-с-санийя.

* Бахши дуввум: Китобҳое, ки махсусан ба мусулмонзан тавсия медиҳем, гарчанде ки барои мардон ҳам судманд бошад, аз ҷумла:

(1). "Танбиҳотун ъало аҳкомин тахтассу би-л-муъминот"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон.

(2). "Суварун мин ҳаёти-с-саҳобиёт"-и Адурраҳмон Раъфат Ал-Бошо.
(3). "Шахсияту-л-маръати-л-муслима"-и Шайх Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳошимӣ.
(4). "Авдату-л-ҳиҷоб"-и Доктор Муҳаммад Исмоил Ал-Муқаддим.
(5). "Фатово-л-маръати-л-муслима"-и Шайх Муҳаммад ибни Усаймин.
(6). "Ҳиросату-л-фазила"-и Шайх Бакр Абузайд.
(7). "Далилу-т-тарбияти-л-усария"-и Абдулкарим Баккор.
(8). "Аддаврату-т-таъҳилияту ли-л-ҳаёти-з-завҷия"-и Доктор Муҳаммад Хайр Шаъол.
(9). "Фиқҳу-л-усра", таҳияи сомонаи Аддурару-с-санийя.
(10). "Фиқҳу либоси-л-маръати ва зинатиҳо"-и сомонаи Аддурару-с-санийя.

Хотима:

Дар ин ҷо мо қаблан як қатор ҷавобҳои асосиеро пешниҳод карда будем, ки занонро дар ҷанбаҳои гуногуни динӣ роҳнамоӣ мекунанд, аз ҷумла ҷавобҳои саволҳои шумораи (70042) ва (2584), ба он ҷавобҳо руҷӯъ кунед.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма

Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи Савол ва Ҷавоби Ислом

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android